Бахшҳо
22 ноя 2016 10:52Тоҷикистон / Акс

АКС: Боздошти муттаҳам дар марги 7 ҷавони тоҷик дар сӯхтори Тюмен

Мақомоти тафтишотии Русия дар марги 7 муҳоҷири тоҷик дар сӯхтори Тюмен масъули ширкати “Горизонт”-ро муттаҳам мекунанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Русия сардори майдони сохтмонии ширкати “Горизонт” боздошт шудааст: “Боздоштшуда масъули риояи қоидаҳои зидди сӯхтор буд, аммо вазифаашро иҷро накардааст. Дар натиҷа муҳоҷирон аз дастгоҳҳои корношоями барқӣ истифода кардаанд, ки бо марги 7 ва заҳролудшавии 3 нафар анҷомид”.

Сӯхтори вагони ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон тақрибан соати 2-и шаби 19 ба 20-уми ноябр дар майдони сохтмони фабрикаи мурғпарварии “Абсолют Агро”-и вилояти Тюмен рух дода буд.

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар пайи ин ҳодиса 6 сокини деҳаи Хушекати ноҳияи Деваштич- Ниёзов Умарҷон Мирзоазимович, соли таваллудаш 1987, Рӯзиев Парвин Мусоҷонович, соли таваллуд 1988, Шодиев Самариддин Фазлиддинович, соли таваллуд 1989, Миров Мирсабур Мирсаидович, соли таваллуд 1997, Нуров Кобилҷон Комилҷонович, соли таваллуд 1994, Ф.Назаров ва як сокини ноҳияи Мастчои Куҳӣ - Шарифов Олимҷон Шарифович, соли таваллуд1997 ба ҳалокат расидаанд.

Аз заҳролудшудагон Раҳмонов М., соли таваллуд 1989, Олимов П., соли тавллуд 1989 ва Қосимов К., соли 1993 ном бурда мешавад, ки онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ширкати “Горизонт” қонунӣ кор мекардаанд ва ширкат пардохти хароҷоти интиқоли ҷасад ва ҷубронпулиҳоро ба уҳда гирифтааст. Дар назар аст, ки ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ба Ватан интиқол ёбад.


Акси ҷавонони ҳалокшуда дар сӯхтори Тюмен:

АКС: Боздошти муттаҳам дар марги 7 ҷавони тоҷик дар сӯхтори Тюмен

АКС: Боздошти муттаҳам дар марги 7 ҷавони тоҷик дар сӯхтори Тюмен

АКС: Боздошти муттаҳам дар марги 7 ҷавони тоҷик дар сӯхтори Тюмен

АКС: Боздошти муттаҳам дар марги 7 ҷавони тоҷик дар сӯхтори Тюмен
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)