Овозхони амрикоӣ пеш аз марг дар сактаи мағзиаш Трампро гунҳкор кардааст
Шэрон Ҷонс, овозхони шинохтаи Амрико қабл аз даргузашташ дар сактаи мағзие, ки рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА гирифтор шуд, Доналд Трамро гунаҳкор кардааст.
Торнамои The Los Angeles Times аз қавли Габриел Рот, як узви гуруҳи Sharon Jones & The Dap-Kings навиштааст, Шэрон “дар беморхона ба одамон гуфта, ки сактаи мағзии ӯро Трамп бархезонд”.
Шэрон Ҷонс шаби 9 ноябр замони интихоботи Амрико ба сактаи мағзӣ гирифтор шуд. Рӯзи дигар ӯ дувумин сактаи мағзиро аз сар гузаронд, ки дар натиҷа дигар натавонист гап занад. Ҷумъаи 18 ноябр ӯ дар 60-солагӣ даргузашт. Овозхон чанд соли ахир аз бемории саратон ранҷ мебурд.
Шэрон Ҷонс бунёдгузори гуруҳи Sharon Jones & The Dap-Kings мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |