Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:11

Масоили марбут ба авзоъи Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ гардид

30 ноябр 2011, 09:05

«Амният ва субот дар Осиёи Марказӣ».


Таҳти чунин унвон имрӯз (30-юми ноябр) дар маркази тадқиқоти стратегӣ конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Зимни ин ҳамоиш аз ҷониби коршиносону масъулини тоҷик ва намояндагони бархе аз сафоратхонаҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сафири фавқулодда ва мухтори ҷумҳурии исломии Покистон дар Тоҷикистон роҷеъ ба амнияти минтақаи Афғонистону Покистон ибрози назар намуда, қайд кард, ки Покистон ҳамеша давлати Афғонистонро ҳимоя мекунад: «Он чӣ ки дар Афғонистон рух дода истодааст, ҳамаамон медонем. Покистон мушкилоти минтақавӣ дорад, вале сари ин масъала бо ҷомеаи байналмилалӣ кор кардан лозим. Ҳоло чизи асоси донистани на манбаъи тероризм, балки ёфтани ҳимоягарони онҳо мебошад».

Ҳамзамон дар ҷараёни ин конфронс таъсири сиёсати Амрико ба амнияти Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон ва масъалаи ҳузури ҷумҳурии мардумии Чин дар кишвар матраҳ гардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!