Шабнами Сурайё бори нахуст таронаи “Кабки хушрафтор”-ро ҳамроҳ бо хонандаи маъруф -- Нобовар Чаноров ва гуруҳи “Шамс” иҷро кард, аммо дар Ҳамбург онро ба танҳоӣ мехонад. Ин навор дар шабакаи Ютуб аз замони нашр, яъне 16 ноябри соли равон то замони нашри ин хабар 29408 маротиба тамошо шудааст.
Шабнами Сурайё дар маросими имсолаи "Daf BAMA Music Awards 2016", ки моҳи август дар Олмон баргузор шуд, барандаи ҷоизаи “Мероси тиллоӣ” гардид. Дар баробари ӯ се хонандаи дигари тоҷик ҳам иштирокдори ин маросим буданд ва бо ҷоиза ба ватан баргаштанд. Ҷонибек Муродов “Беҳтарин овозхони попи Осиёи Миёна”, Валиҷон Азизов “Беҳтарин овозхони мард дар Тоҷикистон” ва Меҳрнигори Рустам “Беҳтарин овозхонҳои зан дар Тоҷикистон” эътироф шуданд.
Шабнами Сурайё дар гузашта низ чандин бор бо ҷоизаҳои "Daf BAMA Music Awards 2016" қадр шудааст. Ӯ духтари Сурайё Қосимова, хонандаи шинохтаи таронаҳои мардумӣ ва хоҳари Фарзонаи Хуршед, яке аз сарояндаҳои попи Тоҷикистон аст.