Бахшҳо

Шикояти сокинони Чармгари Поён аз 7 рӯзи бебарқӣ. Вакил нав хабар шудааст (ВИДЕО)

Сокинони маҳаллаи Чармгари Поёни шаҳри Кӯлоб мегӯянд, бо далели хароб шудани трансформатор аз неруи барқ маҳруманд.

Ба гуфтаи онҳо ҳудуди 100 хоҷагии ин маҳалла як ҳафта мешавад, ки дар интизори барқанд. Марворид Абдуллоева, як сокини 38-солаи ин маҳалла мегӯяд, се тан аъзои оилаи 11 нафарии онҳо маълул буда, дар ин сардӣ азоби алим мекашанд: “Мо захираи сӯзишворӣ надорем. Ҳама дар як хона ҷамъ шуда, худро бо курпа гарм мекунем. Аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб хоҳиш мекунам, ки ғами мо одамони маъюбдорро хӯрда, зудтар мушкили моро ҳал кунад”.

Сафармоҳ Давлатшоеваи 72-сола, бошандаи дигари маҳалла дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бо далели бебарқӣ ва сардии зиёд тифли дусолаашонро аз гаҳвора намегиранд: “Кӯдаки бечора доду фиғон мекунад, ки ӯро аз гаҳвора бигирем, аммо хунук назанад гуфта, намегиремаш. Барои мардуми камбағал бебарқӣ бисёр сахт аст. Касе аз дарамон намедарояд, то ҳоли зори моро бо чашми сар бубинад”.



Оёҷонбӣ Солеҳова, як сокини дигари ин маҳҳала мегӯяд, як ҳафта қабл арӯсии писарашро гузаронд ва ин ҷуфт 7 рӯз аст, ки рӯшноии неруи барқро надидаанд. “Ҳамин ҳам ҳол шуд? Ҳар моҳ пули барқро сари вақт месупорем, чаро дар ҳолати чунин садамаҳо зуд онро бартараф намекунанд?”,-суол гузошт вай.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллаи Чармгари Поён, вакили онҳо боре ҳам аз аҳволашон напурсидааст, зеро дар манзили худаш барқ ҳаст. Хабарнигори “Озодагон” ҳам мегӯяд, вақте ба хонаи вакили маҳалла расиданд, барқ рӯшан буд. Абдулмаҷид Назаров, вакили маҳаллаи Чармгарони Поён дар суҳбат ба хабарнигори мо гуфтааст, “худи ҳамин рӯз (22 ноябр) аз Комил гуфтани шахс фаҳмидам, ки мардум як ҳафта боз қувваи барқ надоштааст. Ба шабакаҳои барқи шаҳрӣ занг зада, мушкилро гуфтам, омада трасформатрро таъмир мекунанд”.

Дар ҳамин ҳол, аз шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ба “Озодагон” гуфтанд, 4 рӯз қабл сокинони маҳалла ба идораи онҳо омада, ба таври шифоҳӣ дар бораи мушкили худ хабар додаанд. “Дар наздиктарин фурсат мо ин мушкилро бартараф мекунем”,-ваъда доданд масъулини шабакаҳои барқии Кӯлоб.
Мӯҳр
Як хафта бе мардум бебарк, боз дар наздиктарин фурсат? Наздиктаринаш чанд хафта пас мешавад? Э инсофу вичдон гуфтани хаст дар раиси шумо? Раиси шабакахоро аз вазифа гирифтан лозим у барои у як хафта фурсат набудааст! Раисе ки дар як хафта фурсат наёбад набуданаш бехтар аст.

Курбон
Дар хонахои мансабдорон 24 соат барк хаст, ба мардум барк нест. 25 сол шуд проблемаро хал карда наметавонанд, инхо факат масчидхоро баста метавонанд ва тамом.

Ориф
Ҳамин ҳам ҳаëт шуд?! Кай ба доди мардуми мазлуму бечора мерасед.?! О мо ҳам мисли шумо инсонем ягон шохи зиёдати надорем ку?! Шуморо интихоб карданд мардуми бечора сари вазифа о каме ҳам бошад дар фикри халқ шаведу ба мушкилиҳояшон расед сари вақт. Озодагон чоп намекуни ҳақиқатро менависанд бародаро то ба вазифадоро расад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)