Бахшҳо

«Равшан»-и Кӯлоб ҳамоно дар садри ҷадвали мусобиқоти футбол аст

Бозиҳои даври 44-уми сабқати лигаи олии Тоҷикистон миёни дастаҳои футбол ба анҷом расид.


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонеппа бо тими мизбон “Вахш” ба майдон баромада, бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард. Дар нимаи аввали бозӣ ҳисобро Комрон Саидов боз намуд ва голи дуввумро Исмоил Шонов дар нимаи дуввуми дидор ба ҳадаф расонд. Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Пойтахт бо дастаи “Энергетик”-и Душанбе рақобат намуда, бо ҳисоби бузурги 9 бар 0 ғолиб омад. Дар ин бозӣ Фарҳод Тоҳиров се гол зада, хет-трик кард. Юсуф Рабиев ва Фатҳулло Фатҳуллоев 2-голӣ, Нуриддин Давронов ва Александр Кудряшов 1-тӯбӣ ба ҳадаф мерасонанд.

Дар бозии охирин дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар тими “Парвоз” бо ҳисоби 2 бар 0 ғолиб омад. Ҳар ду голро Комил Саидов (голи дуввум аз ҷаримаи 11-метра) ба ҳадаф расонд. Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бидуни бозӣ бар “Хайр”-и Ваҳдат, ки аз мусобиқот хориҷ шудааст, бо ҳисоби фаннии 3 бар 0 ғолиб дониста шуд. Бозии ин давр миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Шодмон”-и Ҳисор, ки пешакӣ баргузор шуда ва бо ҳисоби ҳафт бар сифр ба фоидаи дастаи “Регар-ТадАЗ” поён ёфта буд.

Ба ин тартиб, тими “Равшан” мисли пешин бо 89 хол аз 38 бозӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Футболбозони ин даста ду бозии охиринро бо “Истиқлол” дар Душанбе ва дар майдони худ анҷом хоҳанд дод.Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 77 хол аз 33 бозӣ дар мақоми дуюм аст. Тими “Истиқлол”, ки аз ҳама камтар, яъне 29 бозӣ кардааст, бо 75 хол дар ҷои севвум мебошад. Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот миёни пешсафон идома хоҳад ёфт.

Бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқот рӯзи 1 декабр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа миёни дастаҳои “Вахш”-у “Истиқлол”; 2 декабр дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миёни тимҳои “Парвоз” ва “Регар-ТадАЗ” баргузор хоҳанд шуд. Инчунин, 3 декабр ду бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд”- “Энергетик”, “Истиқлол”- “Вахш”; 6 декабр ССКА “Помир”- “Истиқлол”, “Хуҷанд”- “Регар ТадАЗ” ва 7 декабр “Парвоз”- “Энергетик” баргузор хоҳад шуд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)