Бахшҳо

Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо мукаммал намудани рӯйхати афроди дар ҷустуҷӯбуда исми Гулмурод Ҳалимов, раҳбари пешини “ОМОН”-и ин ниҳодро ҳам ворид кардааст.

Дар баробари Ҳалимов боз акси 10 нафари дигар ҳам нашр шудааст, ки даст даст силоҳ ва ё назди парчами сиёҳи гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” қарор доранд.

Ворид кардани номи Гулмурод Ҳалимов ба ин феҳраст дар ҳолест, ки ахиран расонаҳо аз нашр шудани акси нави ӯ дар интернет хабар доданд. Расонаи мустақили akhbor.com ахиран навишт, ки акси нави полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов аз ҷониби як корбари шабакаи иҷтимоии “Twitter” нашр шудааст. Дар ин акс Ҳалимов бо мӯи сари дароз ҳамроҳи як кӯдаки хурдсол дида мешавад.

Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 замоне, ки фармондеҳии “ОМОН” –и ВКД буд, ба таври мармуз аз Душанбе ғайз зад ва баъди як моҳ дар навори видеоие аз пайвастанаш ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” хабар дод. Моҳи феврали соли 2016 бошад, хабари ба Сурия рафтани ҳамсари дуюми ӯ Ҳумайро Мирова, собиқ сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва фарзандонаш расонаӣ шуд.

Моҳи сентябри соли равон Амрико эълон кард, бароимаълумот дар бораи маҳалли буду боши Ҳалимов то 3 миллион доллар ҷоиза медиҳад.

Дар ду рӯзи пеш аз ин торнамои Вазорати умури дохилӣ аз мавриди пайгард қарор доштани ҳудуди 30 шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули 5 ҷавонзан хабар дода буд. Бузургтарини ин афрод 55 ва хурдтаринашон 24 сол доранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар гузашта ному насаби бархе аз ин афрод дар феҳрасти ҷангиёни тоҷики гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дида мешуд, эҳтимол меравад, ки мақомоти тоҷик онҳоро бо иттиҳоми пайвастан ба ин гуруҳи тундрав дар Ироқу Сурия мавриди пайгард қарор додааст.

ФЕҲРИСТИ АФРОДИ ДАР ҶӮСТУҶӮБУДА, КИ ВКД НАШР КАРДААСТ

Давлатов Дилшод Кундузович, санаи таваллудаш 22.08.1988, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Қаҳҳоров. Аз 05.11.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Азизов Мирзошариф Соҳибназарович, санаи таваллудаш 01.01.1992, зода ва сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ. Аз 05.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Аламов Шеравлиё Абдулҳамидович, санаи таваллудаш 01.01.1995, зода ва истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Муминобод, ҷамоати деҳоти Кулчашма. Аз 11.12.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Умаров Даврон Сафармадович, санаи таваллудаш 18.07.1992, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Ҷумаев. Аз 20.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Зарринаи Шамсиддин, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Гулистон. Аз соли 2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Кимиёи Зоҳир, санаи таваллудаш 07.10.1994, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Канорӣ. Аз 28.08.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Мамадшехова Шоҳиста (Шоиста) Зикруллоевна, санаи таваллудаш 09.09.1977, сокини ноҳияи Спитамен, шаҳраки Нов, кӯчаи Ленинград. Аз 19.11.с.2014 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Тағоймуродзода Мафтунаи Саидакбар 26.11.1991 санаи таваллуд, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Бахор деҳаи Ҳоҷи Қатаған. Аз соли 2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Муҳитдинова Малика Суҳробовна, санаи таваллудаш 30.01.1995, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ. Аз 05.08.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Неъматов Акбар Саидович, санаи таваллудаш 10.10.1990, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ. Аз 30.05.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Давлатов Шаҳидулло Маҳмадсолеҳович, санаи таваллудаш 10.05.1992, зода ва сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Канорӣ. Аз 31.05.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Ғиёсов Неъматулло Аҳмадович, санаи таваллудаш 12.07.1994, сокини шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Пушкин. Аз 25.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Ҳамидов Шарифбек Набиевич, санаи таваллудаш 24 августи соли 1977, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, ҷамоати деҳоти Чорбоғ, деҳаи Абдуллоев. Аз 17.11.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Замиров Абдуаҳад Бегиҷонович, таваллудаш 12 сентябри соли 1988, зода ва сокини ноҳияи Нуробод, ҷамоати деҳоти Хумдон, деҳаи Оби Лурд. Аз 01.05.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Адилов Шерали Туланович, санаи таваллудаш 26.02.1984, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Зайнабобод, деҳаи Адолат. Аз 13.08.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Бозоров Сунъатулло Додарович, санаи таваллудаш 17 феврали соли 1989, сокини шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Борбад. Аз 02.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Амрияздони Шамсимад, санаи таваллудаш 10.07.1990, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ш. Шоҳин, деҳаи Хоҷағалтон. Аз 10.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Додоев Диловар Азимович, санаи таваллудаш 02.03.1989, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, кӯчаи Дӯстӣ. Аз 20.11.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Маҳмадиев Маҳмад Файзиҷонович, санаи таваллудаш 29.01.1991, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қазоқон. Аз 14.08.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Ҳасанов Фарҳод Назриддинович, санаи таваллудаш 01.02.1992, зодаи ноҳияи Нуробод, сокини ноҳияи Ҳисор, ҷамоати шаҳраки Шарора. Аз 21.04.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Шодмонов Искандар Пирназарович, санаи таваллудаш 09.05.1987, зодаи ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Ҳазора. Аз 20.05.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Салимов Абдурауф Раҳмонқулович, санаи таваллудаш 07 феврали соли 1985, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Тургенев. Аз 17.08.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Рафиев Умед Давлатович, санаи таваллудаш 19.01.1979, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Канорӣ. Аз 05.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Саидимрони (Саидумрони) Талабшо, санаи таваллудаш 12.05.1991, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Ҷангалобод. Аз 16.12.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Файзов Баҳром Ғуломович, санаи таваллудаш 17.09.1979, сокини шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Минжинский. Аз 10.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Қурбонов Бозор Ашурович, санаи таваллудаш 15.02.1961, сокини шаҳри Истаравшан, деҳаи Яккабоғ. Аз 14.02.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.


Бобохонов Бобоҷон Хайруллоевич, санаи таваллудаш 06.12.1974, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, ҷамотаи деҳоти Деҳи баланл, деҳаи Душанбе. Аз 07.10.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Набиев Замир Муминович, санаи таваллудаш 18.12.1972, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, деҳаи Яккабоғ. Аз 06.07.с.2012 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Тоҳиров Юнусҷон Аҳмадҷонович, санаи таваллудаш 02.05.1980, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Меҳнат. Аз 05.08.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Дилшоди Садриддин, санаи таваллудаш 29.05.1995, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Ҳ. Ҳусейнов, деҳаи Дастгираки боло. Аз 03.11.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Бобохонзода Давлатманди Раҷабмурод, санаи таваллудаш 26.07.1994, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Зайнаббибӣ. Аз 29.06.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер


Ҳоҷи Давлатализода Муҳаммад, санаи таваллудаш 18.08.1995, сокини шаҳри Сарбанд, ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Тоҷикобод. Аз 01.04.с.2015 дар кофтуков қарор дорад.
Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер

Мӯҳр
Ин мордахоро дида метарсие!

Духтаро ва бачахои чавон туъмаи терористон шудаанд. Демотерористхои чахони инхоро ба максадхои нопоки худ ба мукобили мусалмонхо истифода мебаранд. Ин чавонони гумрохони бечора намедонанд ки чи гуна инхоро истифода бурдаистодаанд. Фикр мекунанд ки чиход доранд аммо бародарони мусалмони худро кушта истодаанд. Дуо мекунем ки Худованд ба инхо акли солим дихаду ба зиндагии орому осуда баргарданд.

Шохзода
Мардуми содда, чони ширини худро барои афсонаи бихишт курбон мекунанд. Наход онхо нафахманд, ки хамаи динхо махсули хаёли инсонхо мебошад.

Шохзода ту хамаи динхо нагу холо баъд аз марг мебини афсона чи?

Дориюш
Натичаи мазхабикунонии чомеа, шабу руз таблиги арзишхои хурофотии исломи ба хамин оварда мерасонд. Ин холо аввали кор аст.....

Маснави
Дориюш додар, ту аллакай диди???

Чи гуна мардум аз паси чунин чехрахои манфур мераванд, кас хайрон мешавад. Аз симояшон маълум аст, ки хатто бо онхо паси як дастархон нишастан харом аст.

Аслан ДИИШ ва ё ДОИШ аз чониби АМРИКО бо максади кохиш додани нуфузи Эрон дар минтака ва дар мувозинати муайян нигох доштани шумораи мусалмонон (бо суръати баланд афзоиши ахолии кишвархои мусалмоннишин) таъсис дода шудааст. Таблиггарони ин ташкилоти бо ном "террористи" бо истифода аз номи ИСЛОМ чавонони аз асли кор ноогохро ба сафи худ чалб намуда, дар куштори инсоният истифода мебаранд.... Худованд чавонони точикро аз "гумрохи" рахонад ва ба рохи рост хидояташон намояд....

Шуминский
Шохзода
Ту астағфируллоҳ бугу ба ин гапҳоят, аз сари нав калимаи шаҳодатро ба забон биёр умед аст, ки Худованд туро бубахшад. Афсона нагу. Худо ҳидоятат кунад (туро бародар гуфтан мумкин несту)

Саттор
Ин хамаро ин чавонон медонанд пас барои чи ба Сурия мераванд. Аз ин бармеояд, ки ин чавонони рохгумзадаро аз акидаи диниашон манфиатдорон истифода мебаранд ва дар охир халок мегарданд. Ин рохе ки онхо интихоб кардаанд куллан хатост ва ба хеч вачх Чиход немебошад

Шумо коргарони ин рузнома гапхои дуруf хам менавистаед. Бо ин сабаб ба шумо тамоман бовари нест. Чунки ман шахсеро мешиносам аз ДОИШ хазорбор безораст лекин мураташро дар катори онхо пахн карда истодаед. Мо ба хабарнигорони дуруfгу эхтиёч надоем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)