Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:53

Боздошти як мусофири ҳавопаймо бо 37 ғилофаки ҳероиндор

30 ноябр 2011, 10:04

Кормандони раёсати агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд дар ҷараёни тафтиши мусофироне, ки бо хатсайри Хуҷанд-Маскав озими пойтахти Русия буданд, ба гумони интиқоли маводи мухаддир як шаҳрванди 28-солаи шаҳри Чкаловскро боздошт намуданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, номбурда қаблан доғи судӣ дошта, бо моддаи  237 Кодекси ҷиноӣ аз озодӣ маҳрум гардидааст. Баъди баромадан ба озодӣ вай қасд кард, ки 37 адад ғилофаки пур аз ҳероинро, ки наздик ба 250 грамм вазн дошт, дар меъда фурӯ барад ва ба Русия интиқол диҳад. Аз рӯи ин ҳодиса шӯъбаи тафтишотии агентӣ тибқи моддаи 200  қисми 2 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш) ва 289 қисми 2 (қочоқ) Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Феълан шахси дастгиршуда дар боздоштгоҳи муваққатии раёсати агентӣ нигаҳдорӣ мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!