Бахшҳо

СММ аз иқдоми Тоҷикистон дастгирӣ мекунад

Раванди татбиқи дастёбӣ ба аҳдофи Рушди Ҳазорсола дар Тоҷикистон мавриди қабул аст.

Дар ин бора Ҳелен Кларк, масъули Барномаи Тавсеаи СММ  зимни мулоқоташ бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, иброз доштааст . Бино ба қавли ӯ, Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳашт кишвари пешоҳанги ҷаҳон барои иҷрои тарҳҳои мазкур  буда, дар чорчӯби ин барнома Тоҷикистон дурнамои миллии рушд то соли 2015-умро таҳия кардааст.Ин санад авлавият ва самтҳои умумии сиёсати давлати Тоҷикистонро муайян карда ва дастёбӣ ба рушди устувори иқтисодӣ, осон сохтани дастрасии мардум ба хадамоти асосии иҷтимоъӣ ва коҳиши мизони фақр аз аҳдофи он унвон шудааст.Дар чорчӯби  Аҳдофи Рушди Ҳазораи СММ қарор аст, кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба давлатҳои рӯ ба рушд ба миқдори 30 миллиард  доллар кӯмак кунанд.

Маврид ба ёдоварист, ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе маркази таълимӣ ва майдони тамринотии  кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ки бо мусоидати молии Барномаи Тавсеаи СММ тармим ва бозсозӣ шуда буд, ифтитоҳ гардид.Ҳамчунин, ин ниҳоди СММ ба гурӯҳи вокуниш  ва дастаи ҷустуҷӯйиву наҷоти маркази наҷот таҷҳизоти вижа барои анҷоми корҳои ҷустуҷӯйӣ дар шаҳрҳо, таҷҳизоти вижаи  иртибототӣ ва мебел тақдим кард.

Феълан, барномаи Тавсеъаи СММ дар 166 кишвари ҷаҳон  тарҳҳоеро дар заминаи рушди иҷтимоӣ маблағгузорӣ ва кӯмак мекунад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)