Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:08

ВКД: Акнун вагонҳоро ҳам медузаданд

30 ноябр 2011, 10:07

Дар ноҳияи Конибодом қатори боркаш ва як вагони мусофиркашро ба яғмо бурданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, зимни як амалиёти кормандони милитсия Амирбек Мирсалимови  36 сола, сардори истгоҳи «Конибодом»  дастгир карда шуд. Номбурда сокини ноҳияи Б. Ғафуров буда, бо маслиҳати пешакӣ бо   Абдуваҳҳоб Низомови 54 сола, истиқоматкунандаи  шаҳри Чкалов, сардори истгоҳи «Деваштич»-и вилояти  Суғд, 1-адад вагони боркаш ва як вагонқатори мусофиркашро, ки дар истгоҳи «Конибодом» меистоданд, бо тартиб додани шартнома оиди фурӯши оҳанпора ба корхонаи «ООО Тиенг Лонг», ба маблағи 536.960 сомонӣ фурӯхта маблағи ба дастовардаро азхуд кардаанд.Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!