Бахшҳо

Пешниҳод барои гирифтани номи миллат аз “Барқи тоҷик”

Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои ҳифзи обрӯи миллат калимаи тоҷик аз номи ширкати “Барқи тоҷик” гирифта шавад.

Раиси Шӯрои ВАО имрӯз, 29-уми ноябр дар сафҳаи фейсбукияш пешниҳод кардааст, ки “ба хотири бадном нашудани миллати тоҷик аз номи ширкати "Барқи точик" калимаи "тоҷик" гирифта шавад”.

Бисёри корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо зикри камбудиҳои зиёди фаъолияти “Барқи тоҷик”, ки ҳатто пойтахтро наметавонад мунтазам бо нерӯ таъмин кунад, аз пешниҳод барои гирифтани калимаи тоҷик аз номи ширкат ҷонибдорӣ кардаанд.

Дар пайи ҳолатҳои зиёди қатъи интиқоли барқ ширкати “Барқи тоҷик” 28-уми ноябр бо пахши як иттилоия аз сокинони пойтахт узр пурсид ва онро ба мушкили техникӣ рабт дод. Ин ширкат иддао дорад, ки нуқсони техникиро бартараф кардааст, аммо сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, қатъи интиқоли барқ дар пойтахт ҳамоно идома дорад.
Мӯҳр
мухлис
бехтарин мешавад илочаш бошад номи ширкатро 《ноухдабаро》ё ширкати торикистон ном гузоран барои бе масьулиятишон

Бародарон ! Айб дар ош не,,,,, айб дар мош аст! Ноухдабароии баъзе кормандони барки точик сабаби сари вакт баркарор нашудани садамахо гардидаанд. Наход, ки аз барои онхо шуда калимаи ТОЧИК гирифта шавад.Калимаи Точик чи гунох дорад ? Як фикр кунед. Боки казоват ба Шумо......

торикистон
Пешнищоди хуб, аз номи шабакаҳои барқии ноҳияи Рӯдакӣ низ исми Усдодро бардоред. Шабакаҳои барқии светофор ном кунетон ё да секунда! Дар ноҳияи Рӯдакӣ кадом вақте хостанд ягон ду соат метиян барқа.

Пешниходи "Милатфурушона" ! Хар чое ки кор хаст камбуди низ хаст.
Аз ин ширкат дида садхо маротиба бештар мухочирони бесаводу нодон ба обу руи милати моро поин мебаранд пас Калимаи точикро аз паспортхои онхо бигиранд?
Нееее! Ман фикр мекунам камбудиро ислох бикунед! на бояд милатро фурухт!

..натанхо калимаи " Точик" балки калимаи " барк" низ гирифта шавад. хай намедонам ягон номи дигар фикр кунанд...

Контролер
Пешниход менамоям ки барки торик монанд.

Муҳоҷир
Пешниҳод мекунем, ки ширкати "Брешно" ё "афғон- барқ" номгузорӣ карда шавад.

Хатто лозим аст на факат номи ширкатро, балки ходимону рохбаронашро хам иваз кардани. Ин шармандахо солҳои тулонист, ки миллатро бо ваъдахои афсонави хеш гирифдор кардаанду хеч бехудиҳо ба назар намерасад!мухлис,

Пирон
Амихел рафтан гира 100 сол да хам сохиби свет намешен. Брен ай хаму тапактон намонен.

"Барки-Истиклол"
"Барки-Милли"

"Барки-Истиклол"
"Барки-Милли"

Мусалмон
Мубориз,
Хамон мухочирони бесаводу нодон аст, ки Точикистон каме пеш рафта истодааст.

Бубинед дар инчо ягон мантик вучуд надорад ва хочатам нест барои чунин таклиф.
Магар гирифтани калимаи точик аз барк фаьолияти кории ин ширкатро иваз мекунад?
Ое дар сурати чунин ивази ном пурра ба барк таьмин мешавем?
Чаро пешниход оид ба бехтаргардонии вазьи куллии ширкат намекунед огои Хуршед?
Ман ба иззати нафси касе расидани нестам аммо ба тарафдорони ин акида низ гуфтаниам ое ин ширкат магар ба миллати точик рабте надорад?

Номи милиро аз бонк низ гирифтан даркору аз дигар бонкхояш номи точикро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)