Бахшҳо

Александр: Маро таҳдид карданд, ки дигар шикоят накунам

Александр Раҳимов, сокини 35-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, дар пайи нашри шикояташ дар сомонаи “Озодагон” аз сӯи масъулини Хадамоти оташнишонии ВКД таҳдид шуд.

Ба гуфтаи Раҳимов, баъди нашри матлаби “Александр: Аз Ҳукумат хоҳиш мекунам, манзили ба номи ман бударо баргардонад (ВИДЕО), чанд нафар аз Хадамоти оташнишонӣ наздаш омада, ӯро назди роҳбарашон бурдаанд: “Гуфт, агар як бори дигар чунин гапҳоро мегӯӣ, ҳам туро ва ҳам он одами чоп кардаро маҳкам мекунам”.

Александр Раҳимов афзуд, ба ӯ гуфтаанд, чаро масъалаи манзилашро баъди 10 сол расонаӣ ва онҳоро “подстава” кард: “Ман гуфтам, ки ин корро ҳамин мақомот кардааст, бояд ҷавоб гӯяд”.

Аммо дар ҷавоб ба ӯ гуфтаанд, ки даводав накунад, ки маҳбасаш мекунанд: “Гуфтанд, ки зидди ҳукумату давлат хестаӣ, туро бурда маҳкам кардан даркор. Гуфтанд, ҳар касе, ки ин шикояти туро баровардаст, гӯй, ки хомӯш истад”.

Талоши "Озодагон" барои дарёфти назари масъулини Хадамоти оташнишонӣ то замони нашри ин хабар бенатиҷа буд. Дар сурати дастрас намудан назари онҳо дар ҳамин саҳифа нашр мешавад.

Александр қаблан ба дафтари “Озодагон” омада, шикоят кард, ки манзили ба номи ӯ бударо ба нафари дигар додаанд. “26 июли соли 2006 роҳбари Хадамот маро зан дод ва ба ноҳияи Рӯдакӣ ба кор фиристод. Ба зани ман ваъда доданд, ки баъд аз як ҳафта президент хона медиҳад, аммо ин ваъда иҷро нашуд. Баъдтар фаҳмидам, ки хонае ки ба номи ман буд, бо роҳи шиносбозӣ ба дигар нафар додаанд”-изҳор дошта буд ӯ.
Мӯҳр
Махмуд
Вой бар холат Александр

Рибак
Александр мо точико медонем адолат нест мо хичрат аз ин ватан кардем ту боши холиян беакул будай)))

Бар зидди беадолатии масъулини хадамоти оташнишони бархостани мухтарам Александр хануз маънии онро надорад, ки у зидди давлату хукумат аст... Ба пеш, Александр!

Muhojir
Махмуд,
Voy bar holi Aleksandr ne ,voy bar holi korkunoni davlati demokrati!

Darvesh
Дарвеш
Александр ба пеш!!! Хама тарафдори Шумо хаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)