Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:53

Парлумони Тоҷикистон салоҳияти Бонки миллиро маҳдуд кард

1 декабр 2011, 05:05

Тибқи тағйиру иловаҳо ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», ки парлумони кишвар дирӯз ба тасвиб расонд,  дахолати Бонки миллӣ ба фаъолияту идораи бонкҳои дигар ва ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон маҳдуд мешавад.


Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ки тағйироти навро дар қонун «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»  барои вакилони парлумон муаррифӣ мекард, изҳор дошт, ки тағйирот аз ҷумла ба таъиноти роҳбарони филиалҳои бонкҳо, ӯҳдадориҳои роҳбарони бонк ҳам дахл дорад.  Ба гуфтаи Раҳимзода, тибқи тағйироти нав минбаъд зимни таъини роҳбарони филиалҳои бонк, ҳатмӣ нест, ки номзад 5 соли таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкдорӣ дошта бошад. Ба қавли ӯ, ин нишондод то 3 сол кам карда шудаст.

Вакилони парлумони Тоҷикистон изҳор медоранд, ки тағйироти нав дар қонун «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» низоми додани қарзҳои бонкиро такмил дода соддатар мегардонад ва ҳамчунин барои боло шудани мавқеи Тоҷикистон дар рейтингҳои молиявӣ  ва мувофиқан ҷалби бештари сармоягузориҳо ба кишвар мусоидат мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!