Бахшҳо

Стратегия: Барои зиндагии шоистаи мардум 118 милиард $ зарур аст

Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, барои татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи онро таъмини зиндагии шоистаи мардум гуфт, ҳудуди 118 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.

Ҳикматуллоҳзода имрӯз, 1-уми декабр зимни муаррифии лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар парлумон изҳор дошт, ки дар доираи ин барнома давоми 15 соли оянда вобастагии иқтисодӣ аз омилҳои беруна коҳиш ёфта, амнияти энергетикӣ таъмин мегардад.

Ӯ афзуд дар доираи Стратегия раҳоии комил аз бунбасти коммуникатсионӣ, коҳиши нобаробариҳо ва беҳбуди сифати зиндагии мардум пешбинӣ шудааст: “Дар назар аст, ки ҳаҷми ММД сари ҳар сокин ду баробар зиёд шавад. Истеҳсоли саноатӣ 4,5 баробар афзоиш меёбад. Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил меёбад ва барои ин тамоми имконот мавҷуд мебошанд”.

Вазири рушди иқтисод таъкид кард, ки ин стратегияи танҳо ҳукумат ва парлумон набуда, он стратегияи миллат аст. Ӯ гуфт, барои татбиқи он на танҳо аз буҷаи давлат маблағ ҷудо мегардад, балки аз манобеи дигар низ истифода хоҳад шуд. Ба гуфтаи вазир такя ба ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз ҳадафҳои татбиқи стратегия мебошад. Ҳикматуллоҳзода изҳори боварӣ намуд, ки пешбиниҳо дар доираи стратегия саривақт амалӣ хоҳанд шуд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии ин Стратегия дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, “ин дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди кишвар ба инобат гирифта шудааст. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 давоми 15 соли оянда ҷиҳати муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум пешбинӣ гардидааст”.

Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи ин ҳадафҳо якчанд омилро муҳим хонд: “Аз ҷумла рушди неруи инсонӣ, рақобатпазирии бахши иқтисод бо сатҳу сифати баланд, саҳми саноат дар рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил додани кишвар, се баробар аз 17 то 45 миллиард соат боло бурдани иқтидори энергетикии ҷумҳуриро, номбар карданд”.

Маълумотнок кардани аҳолӣ, боло бурдани сатҳи дарозумрии аҳолӣ, кам кардани шумораи фавти модару кудак, беҳтар кардани шароити зиндагӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани мардум, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои рушди микро ва макроиқтисодии кишвар, аз омилҳои дигари татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гардид.
Мӯҳр
Одам
Ай хандара кштенм)))))))))))))))))))))))))))))))))

Мадалӣ
Орзу дар ҷавонӣ айб нест, ҷаноби Вазир!

мехмон
Нияти нек ними давлат. Албатта мо мушкилихои бисёреро баъди пошхурии СССР дучор шудем. Хамин президенти имруза ба кабинети бе столу стул даромада буд. Осон набуд хукуматдорию давлатдори кардан. Хар як кумондони сахрои конуни худашро дошт. Ин бетартибиро пешгири кардан кахрамони хаст. Мисол Афгонистони хамсоя, чанд сол хаст рохбари хакики намеёбад.
Ба ин стратегия хам бовар мекунем. Ба хамаи бадбахтихо ва пешравихои мо халки худамон сахмгузоранд. Гунахкорро аз хорич кофтан аблахист.

Бе муболигаю тамаллуккори, ба дастовардхои даврони Иттиклолият ба чашми хирад бояд нигарист.
Анчоми сохтмони роххои дорои хусусияти байнамилали, накбхо ва чандин неругоххои хурду бузург нишонаи болоравии иктисодиёти кишвар ва дар ин замина бехтаршавии вазъи иктисодию ичтимоии мардум мебошад.
Огози сохтмони НОБ-и Рогун ин худ як нишонаи оли ва симои пешгуикунандаи зиндагии осудаи оянда аст.
Аз як даст садо намебарояд. Факат хамдилию хамбастаги ва вахдати хамешаги метавонад моро ба суи оядаи нек хидоят намояд.

Хандакунон
10 миллиардаш дар афшору бонкхои Швейцария . Мархамат карда пули тайерро гиред чаноби вазир

Ранги ма инхо хам орзу мекардиян, план мекашидиян!!! И хамаш ай нотавони аст!!!!! Манхам мешинам гохе чунон планхову орзухое мекунам,ки агар чингизхону фиръавну хотами той шунаванд дар гур росто мехезанд!!!! Бахудо охи кани як хилвати рафта назди чарёе дар шил-шили об нишаста каме андешед!!! О иктисодиёт мегуед пулу мол мегуед зиндаги-шоиставу хоку бало мегуед фикр намекунед,ки точанд хама корхонахову фабрикахо аз кор мондаистодааст ??? Аз кадом хисоб 4,5 баробар зиёд мешавад хама???? Кани конхонахову заводхои фаъол дар кишвар???? Бо дусе завод намешавад ин орзухои калона амали карда!!! Аз худо талаб кунед,ки барори кори гастарбайтерои точика тияд!!

Саид,
Хта акы иктисодони бад нагир. Чи лозим аст хами гапои кат-ката ????факт хамин,ки мардум 90% бекор асту дар холати факр басар мебарад!!!бепуливу кимати дар боми чахон расидааст. Ай сартон монад хамон ахамиёти иктисодиву байналмилалиятон,ки Хеч манфиате барои мардуми одди надошта бошад ва кадами мондагият аз нуки туфлият хисоб карда пулашро ситонанд!!!!
Таракиёт ва иктисодиёти Точикистон нол аст. Притом ноли КАЛОНИ ГУЛДОР!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)