Бахшҳо

Зуҳуров: Коррупсия ва андоз монеаи рушди Тоҷикистонанд

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 1-уми декабр зимни ҷаласаи парлумон гуфт, барои татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва таъмини зиндагии шоистаи мардум тайи 15 соли оянда бояд дар тамоми соҳаҳо ислоҳоти ҷиддӣ гузаронда шавад.

Зуҳуров гуфт, дар худи лоиҳаи Стратегия гуфта шудааст, камбуди фазои сармоягузорӣ, масъалаи коррупсия ва андоз аз омилҳои ҳастанд, ки ба рушди Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд: “Ин ҳуҷҷати ниҳоят муҳим аст ва амалигардонии он кори зиёдро талаб мекунад. Бояд дар тамоми соҳаҳо ислоҳоти ҷиддӣ гузаронда шаванд”.

Зуҳуров махсусан бозбинии Кодекси андози Тоҷикистонро таъкид карда, афзуд, ки соҳибкорон барои гирифтани фоида аз корашон боварӣ надоранд: “Бояд дар ин бахш сабукиҳо ироа гарданд”.

Дар пайи ин изҳороти Зуҳуров вакилони Маҷлиси намояндагон Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро қабул карданд.
Мӯҳр
Умед
Офарин. Ба ВМКБ низ сармояхо ворид шаванд бекорон сохибкор ва нодорон ба сатхи камбагали бароянд хуб мешад.

Абдуло
Фоизи бонкро кам кунед хонаи мардум сухт

мехмон
Агар коорупцияро пурра бархам надихед хеч кор намещавад. Мухочиратро дастгири кунед. Фирори аклхои солимро пешгири кунед. Аз минбар гап шаваду амал нашавад реклама даркор нест.

Офарин ба Раиси парлумон. Пас маълум мешавад, ки Шумо пештар Кодекси андозро нахонда ба он овоз дода будаед. Хануз пеш аз кабули Кодекси андоз иктисодчиёни машхур, аз чумла Константин Бондаренко, Х. Умаров ва даххо нафари дигар иброз дошта буданд, ки Кодекси нав ба иктисодиёти Точикистон фочеахои зиёде хохад овард ва боиси муфлис шудани сохибкорону рукуди бонкхо хохад гашт. Вале касе ба он гуш накард. Он вакт Кодексро нохонда вакилон онро кабул кардед ва акнун вакте вокеиятро дидеду онро як маротиба хондед, худ ба вохима афтода барои бозбиниаш пешниходхо мекунед. Кодекси нави андоз барои як давраи муайян вокеан бучаро пур кард, вале бинобар он ки дурнамо надошт, боиси рукуди иктисодиёти кишвар шуд. Холо хам дер нашудааст ва фавран бояд ин кодекс иваз карда шуда, ба сохибкорон сабуки дода шавад ва иштибохи бузурги вакилони кабли ислох карда шавад. Вагарна дар кишвар дар солхои наздик чуз сохибкорони наздик ба Хукумат, касе нахохад монд

Немного юмористическая ситуация! Кто у нас утверждает все НПА, разве не Парламент? Зачем тогда принимали молча Все ухудшающие изменения в Налоговый Кодекс РТ, а теперь громко возмущаются как будто не имеют к этому никакого отношения? Смешно или стыдно стало?

Сохибкор
Мо дар ватан садхо сохибкоре дорем, ки аз хисоби гаронии андоз кисме сармояаашонро ба хорич кашониданд ва кисми дигар даххо тачхозотро ворид карда вале аз ситами андоз наметавонанд истехсолотро огоз кунанд.

50 сол пас зиндагии мардум бехтар мешавад агар нашавад боз барномахои дигар хастанд аз онхо истифода мекунем факат бояд шукрона ва токат карданамон даркор обод карданамон даркор як чахон ташакур

Инчо боз хамон кинояи Лахзахои гуворо ба хотир меояд: "Ду се соли дигар аз бепуливу маоши азоб мекашеду, баъд тамом".
- Яъне баъди ду сол кори ман хуб мешавад?
- Не, баъд одат мекунед)))))

Мувофики маълумотхои омории байналмилали, Чумхурии Точикистон аз руи андозбанди дар чои 3-юм яъне баъд аз давлатхои бузурги Аврупо карор дорад. Хол он, ки иктисодиёти кишвар ва сатхи зиндагии ахолии ЧТ аз давлатхои Аврупо куллан фарк мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)