Бахшҳо
02 дек 2016 08:30Тоҷикистон / Сиёсат

Баррасии масоили ҳалли қазияи сиёсии Афғонистон дар суҳбати Э.Раҳмон ва Б.Соботка

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чехияро олӣ арзёбӣ кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо Богуслав Соботка, сарвазири Чехия гуфтааст, “мо ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону ҷумҳурии ба мо дӯсти Чехия ва Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд медиҳем”.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлол таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Душанбе пазируфта шуд. Манбаъ мегӯяд, Президенти кишвар аз таҷрибаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Чехия изҳори қаноатмандӣ карда, баргузории мулоқоту вохӯриҳо миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар, иштирок дар чорабиниҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва роҳандозии тамосҳои мустақими корӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштаракро омили дигари таъмиқи равобити дӯстию ҳамкорӣ унвон кардааст: “Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, технологияи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм ва ҷалби сармояи Чехия низ аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои дуҷониба номида шуд”.

Дар ин дидор оид ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, масъалаи ҳалли қазияи сиёсию низомии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад, низ дахл шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта, 1 декабр ба Чехия рафт ва бино ба иттилои дафтари матбуотии ӯ, дар пайи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 2 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: “Нахуст Сарони давлатҳо Изҳороти муштараки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба таҳкими ҳамкориҳоро қабул карданд. Сипас дар ҳузури сарони давлатҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид. Ҳамчунин дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Чехия аз ҷониби Прокуророни генералии ҳар ду кишвар имзо карда шуд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)