Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:33

ҲХДТ: Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи ҳизб дар шимоли Тоҷикистон

1 декабр 2011, 05:59

Дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд доир гардида, масъалаи ташкилиро мавриди муҳокима қарор дод.


Тавре хабарнигори маҳаллии «Озодагон» иттилоъ дод, Асрор Латифов, муовини райиси ҲХДТ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки сарвари комиҷроияи ҲХДТ дар вилоят Бибихон Азизова бо мақсади барқарор саломатиаш ба унвони раёсати марказӣ ариза пешниҳод кардааст ва зимнан хоҳиш намудааст, ки ӯро аз вазифааш озод кунем. Тибқи банди сеюми Оинномаи ҳизб халқӣ-демократӣ ва дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҲХДТ дархости бону Азизова қонеъ гардонида шуд.

Зикр гардид, ки чанде қабл Бибихон Азизова барои саҳми арзандааш дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар аз ҷониби раёсати марказии ҳизб бо Ифтихорнома қадрдонӣ шуда буд.Зимнан, ҳозирин дар бораи ду адад зиёд намудани ҳайати раёсати комиҷроияи вилоятӣ  қарор қабул карда, аъзоёни ҲХДТ Шарифҷон Шарифов ва Даврон Зоҳидовро ба ин ҳайат шомил карданд. Ба раисии комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд номзадии Даврон Зоҳидов пешниҳод гардида, номбурда бо овоздиҳии кушод ва ҷонибдории вакилон ба ҳайси райиси созмони вилоятии ҲХДТ интихоб баргузида шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!