Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:37

Барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар иҷлосия баррасӣ мешаванд

2 декабр 2011, 03:17

22-юми декабр дар Душанбе иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе сурат мепазирад.


Тибқи иттилои Шавкат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт, ҷаласаи мазкур дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» ҷараён хоҳад гирифт.Гуфтанист, ба     рўзномаи иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони пойтахт масъалаҳои зерин дохил гардидаанд: 1) Ҳисоботи райиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷрои  барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» . 2)Дар бораи  тасдиқ намудани  қарорҳои райиси шаҳри Душанбе.

Манбаъ афзуд, оид ба омода намудани масъалаҳои рўзномаи иҷлосия гурўҳи корӣ дар ҳайати замимагардида дар асоси мувофиқа таъсис дода мешавад. Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохўрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гурўҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ирсол намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!