Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:47

Футбол: Дастаҳои Равшан, Истиқлол ва Регар-ТадАЗ даъвои қаҳрамонӣ доранд

1 декабр 2011, 06:23

Шурӯъ аз имрӯз, яъне 1-уми декабр бозиҳои мавқуфмондаи сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд.


Тибқи нақша дастаи “Вахш” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо тими “Истиқлол”вориди рақобат мешаванд. Рӯзи 2-юми декабр бошад, дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастаҳои “Парвоз” ва “Регар-ТадАЗ” ба майдон мебароянд. Рӯзи 3-юми декабр ду бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд”- “Энергетик”,  “Истиқлол”- “Вахш” баргузор хоҳад шуд. Рӯзи 6-уми декабр ССКА “Помир”- “Истиқлол”, “Хуҷанд”- “Регар ТадАЗ” ва 7-уми декабр дастаҳои “Парвоз”- “Энергетик” миёни ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот  тими “Равшан” бо 89 хол аз 38 бозӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Футболбозони ин даста ду бозии охиринро бо “Истиқлол” дар Душанбе ва дар майдони худ анҷом хоҳанд дод. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 77 хол аз 33 бозӣ дар мақоми дуюм аст. Тими “Истиқлол”, ки ҳамаги 29 бозӣ кардааст, бо 75 хол дар зинаи сеюм қарор дорад.  Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот миёни пешсафон идома хоҳад ёфт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!