Бахшҳо

Маҳкумияти Ахмедова барои кӯдакрабоӣ ва ташкили фоҳишахона

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Матлуба Ахмедова, сокини 48-солаи Душанбе ва шарикаш Раҳмоналӣ Ғиёсови 24-сола, корманди беморхонаи мавсум ба “1-ум Советский”-ро дар кӯдакрабоӣ гунаҳкор донистааст.

Тавре аз додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Ахмедова ба 9 сол ва Ғиёсов ба 8,5 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, Ахмедова инчунин дар толори маҳсгарияш бо ҷалби духтарон фоҳишахонаро ташкил дода, барои хидматҳои маҳрамона аз 150 то 250 сомонӣ маблағ мегирифтааст: “Барои ташкили фоҳишахона ба 2 ва барои кӯдакрабоӣ ба 8,5 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми ниҳоӣ нисбати Ахмедова 9 соли зиндон таъин шуд”.

Тибқи парванда Матлуба Ахмедоваи бо модари ин ноболиғ хусумати шахсӣ доштааст. Ӯ хостааст, тариқи гаравгон гирифтани духтари ноболиғ аз модараш пулу санадҳоеро, ки гӯиё дуздидааст, бозпас гирад. Ахмедова қаблан бо модари духтарча дар толори маҳсгарӣ кор мекардааст ва вақте моҳи июни соли равон “сейф” бо пулу санадҳо гум мешавад, Ахмедова модари ноболиғро гунаҳкор кардааст. Ӯ ба ҳамин восита хостааст, амволи гумшударо бозпас гардонад.

Ахмедова ба ронандае, ки ба ҳайси таксӣ фаъолият мекардааст, барои аз маҳаллаи "Садбарг" то маҳалли иҷора дар Зарафшон бурдани ноболиғи рабудашуда 2000 доллар ваъда кардааст.

Аммо “таксист” Кароматулло Маҷидов, ки дар қисми низомии 3502-и ВКД фаъолият доштааст, ин корро анҷом намедиҳад: “Бино ба гуфтаи худи майор Маҷидов, вай беш аз ду сол инҷониб Матлуба Ахмедоваро мешинохт ва баъзан ҳамчун таксист ба ӯ хизмат мерасонид. Ҳанӯз пеш аз оғози моҳи Рамазон буд, ки Ахмедова ба ӯ акси Ф.Б.-ро нишон дода гуфт, нақшаи дуздидани кӯдакро дорад ва бояд Маҷидов кӯдакро аз назди "Садбарг" то ба маҳаллаи Зарафшон расонад. "Ҳаққи хизмат" - 2000 доллари ИМА. Маҷидов розӣ шуд ва... нақшаи ҷинояткоронро ба роҳбарият расонид. Рӯзи гузаронидани амалиёт ҷони худро ба хатар гузошт ва вазифаи наздаш гузошташударо бо сари баланд иҷро кард”.

Ҳодисаи дуздӣ рӯзи чоршанбе, 20 июли соли равон, дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”, дақиқан дар ҳамон мавзеъе рӯй додааст, ки Араловаҳо ва баъдтар Осия гум шуданд. Ф.Б-и 7-сола ҳамсояи Осияву Араловаҳо ва мисли онҳо яккафарзанд будааст. Кӯдаки дуздидашуда баъди ҳамагӣ 20 дақиқа озод карда шуда, ба модараш баргардонида шудааст.

Мақомот қаблан хабар доданд, ки ҳангоми кофтуков аз манзили ба иҷорагирифтаи ин гуруҳ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандорову ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд: "Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандорӯи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеъи мадҳушкунанда омехта шудааст".
Мӯҳр
ватан дуст
чаро хело кам ҳукм кардиян инхел одам хурора бояд сисол диҳанд кудакони бечора чигуноҳ доран онҳор аз зиндаги номаҳрум месозан

Маълум накардед, ки сузандоруву моддахои мадхушкунанда, либосхои кудакона, асбобхои чаррохикуни дар хонаи ин зан чи хел пайдо шудааст ва у чи корхоро ба анчом расонидааст. Инашро хам як месанчидед охир.....

Тарафдор
вали
чаро хакикат нест.???. ин зани нопок бояд ба хабси абади гирифтор мешуд.вале бо як дусум пули харом имрузу пагох боз аз махбас озод мешавад . аз хукумати кишвар мехохем ки парвандаро аз нав бараси кунанд .зеро таги коса ним косае хаст илтимос.

Аз чониби Суд тамоман беадолати баъди ин кадар корхои зишт у бояд як умр хабс шавад.

Али
Мурочиатнома
Ба рохбарони воло макоми кишвари азиза мон. казияи мазкур аз чониби муфатишон ва судия но одилона дида шуда аст аз шумо хамчун як шахрванди Точикистон хохиш менамоям ки казияи мазкуро дар назорати худ гиред зеро хар яки мо фарзанд дорем кимати фарзанд чист ин ро танхо падару модар медонанд инчо авал гап дигар буд бад дигар шуд.илтимос парванда нисбати ин зани бад рафтор аз нав дида шавад.ва нисбаташ чвзои сангин елон шавад то ба дигарон ибрат шавд.

Беақл
...Тараҳҳум бар паланги тездандон,
Ситамгорӣ бувад, бар гӯсфандон...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)