Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:08

Cабукӣ барои ширкатҳои лизингӣ пешрафти бахшро таъмин мекунад

2 декабр 2011, 03:30

Ҳукумати Тоҷикистон хостори тағйиру иловаҳои нав ба кодексҳои андозу гумрук шудааст, ки тибқи ин тағйирот, воридоти техникаю таҷҳизот  ва технологияи истеҳсолӣ тавассути лизинг аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод мешавад.


Тавре аз Хадамоти матбуотии президент ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, айни ҳол ин тағйирот барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.Ин иқдоми ҳукумат дар ҳоле сурат гирифта истодааст, ки бозори лизинг дар Тоҷикистон  рӯ ба таназул ниҳодаст.

Тибқи иттилои масъулини Созмони молиявии байналмилалӣ дар давоми солҳои 2009 – 2011, шумораи ширкатҳо, ки дар Тоҷикистон ба хизматрасониҳои лизингӣ машғул ҳастанд, аз 10 то 6 адад коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи намояндагони созмон дар Тоҷикистон ҳаҷми бозори лизингӣ ҳам сол ба сол кам шуда истодааст: «Ҳаҷми бозори лизингӣ дар Тоҷикистон соли 2008 – ум, 24 миллиону 750 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод, ки ин нишондод аллакай дар соли 2010 –ум ба 4,02 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд». Масъулини ширкатҳои хусусии лизингӣ коҳиши рӯзмарраи хизматрасониҳояшонро ба андозбандӣ ва боҷи гумрукӣ рабт медиҳанд, ки зимни амалиёти лизингӣ-ворид намудани технология ва супоридани минбаъдаи он ба дасти мизоҷ татбиқ мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!