Бахшҳо

“Рейд”-и ректор: 50%-и масъулин ба кор дер омаданд

Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон натиҷаҳои рейди назоратиро, ки бевосита аз ҷониби ректор, академик Носирҷон Салимӣ дар назди даромадгоҳи муассиса гузаронда шудаанд, оммавӣ кардааст.

Тибқи иттилои сомонаи Донишгоҳи омӯзгорӣ дар пайи ин рейд муайян шуд, ки на танҳо донишҷӯён, балки омӯзгорону кормандон ва ҳатто, зумрае аз мудирони кафедраҳою роҳбарони сохторҳо дар вақти муқарраргардида ба ҷои кор ҳозир намешаванд: “Саҳлангорӣ ва бемасъулиятии кормандони баъзе аз сохторҳо то дараҷаест, ки беш аз 50 фисади масъулин то ду соат ба кор дер омаданд. Барои мисол метавон гуфт, ки як қатор мутахассисони Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ, бо шумули Ҳабиб Салимов, Акмал Холиқов, Шаҳноза Ваҳобова, Марҳабо Каримова, Зафари Саидмукаррам, Лутфуллои Саъдулло, Икром Муъминов ва Умедҷони Лоиқшо бо вуҷуди он ки дер карданд, бе ягон ҳисси масъулият, бепарво вориди донишгоҳ шуданд. Суоле ба миён меояд, ки ба ашхоси мазкур, ки то ин ҳад интизоми корро дағалона вайрон мекунанд, метавон тақдири раванди донишандӯзии муҳассилинро бовар кард?! Кормандони Маркази хизматрасонии техникӣ ва коммуникатмионӣ дар масъалаи дер омадан кормандони Маркази маркази бақайдгирӣ ва машваратиро, ба қавле, «ба як нӯл заданд». Онҳо ҳамаашон гӯё пешакӣ маслиҳат карда бошанд, ки ба ҷуз Суҳроби Саидшо (соати 7:49) баъди соати 8 дар ҷои кор ҳозир шуданд. Бисёр таассуфовар аст, ки худи директори марказ Сулаймон Шукуров, на танҳо дар рӯзи аввали рейд, балки дар рӯзи дуюм низ бемасъулиятона ба кор омад. Дар хусуси фаъолияти сохтори мазкур баъзе маълумотҳо дастрасанд, ки мавзӯи мақолаи дигаранд”.

Дар матлабе, ки сомонаи ДОТ нашр кардааст, таъкид шудааст, ки ҳудуди панҷоҳ дар сади донишҷӯён баъди соати 7:30 ба дарсҳо ҳозир мешаванд: “Онҳо пайваста баҳона пеш меоранд, ки «нақлиёт нест ва ё дар тамба монданд». Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосӣ дар дигар ҷост. Агар масофаи роҳ миёни бозори «Саховат» то донишгоҳро ба ҳисоб гирем, ду канори шаҳр аст, аммо омӯзгорони иқоматкунандаи хобгоҳи №9 соати 7:10 ба кор ҳозир мешаванд. Пас, чаро дигарон наметавонистаанд? Дар басти дуюм ҳам ҳолатҳои дер мондани донишҷӯён ба назар мерасад. Магар онҳо ҳам «дар тамба» мемонанд?”

Манбаъ афзудааст, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Дилшод Раҷабов, ки бояд субҳи барвақт дар ҷои кор ҳозир шуда, раванди ҳозиршавӣ, одобу ахлоқ ва сару либоси донишҷӯёнро назорат намояд, худ интизоми меҳнатро дағалона вайрон кард.

Тибқи иттилои сомонаи ДОТ дер мондан ба дарсҳо, риоя накардани сару либоси тавсиявӣ, риши расида ва ҳатто, додани ҷузвдон ба донишҷӯи дигар аз болои панҷара амалҳои зиштеанд, ки дар донишгоҳ ҳамарӯза ба назар мерасанд.

Муаллифони матлаб таъкид кардаанд, зумрае аз масъулон, ки ному насабашон дар боло зикр шуд, меранҷанду дар дил кина меварзанд: “Аммо чун тақозои роҳбарияти донишгоҳ, хосса, ректор, академик Салимӣ аст, ки камбудиҳоро ошкоро бинависем, ҳайати эҷодии «Омӯзгори ҷавон» мекӯшанд, ки ба хотири ислоҳи ноҷӯриҳо тавассути сухан таъсиргузор бошад”.
Мӯҳр
Э мардум дига кор надорен дунё масалае, ки чи хел кунем аз бухрон бароем ё иктисодиёт пеш рава, Шумо бошен чи корхокати вахти худатонро банд мекунед.

Аҳсан... рузи сеюмро нигоҳ кунед ректор худаш ба кор дер мекунад. Агар ҳар муаллиму донишҷу монанди ректор мошини хизмати дошта бошад барвақт ба кор ҳозир мешавад ва намехоҳад аз сардор гап шунавад. Инро ба назар гир мӯҳтарам ректор ки аксприяти донишҷуен саҳар аз ноҳияҳои гирду атроф меоянд!

Ректори ректорон
"омӯзгорони иқоматкунандаи хобгоҳи №9 соати 7:10 ба кор ҳозир мешаванд. Пас, чаро дигарон наметавонистаанд?"
1. Омузгорон ба мошини шахсии худ меоянд донишчуён ба микроавтобусхо.
2. Омузгорон шаб хоб мекунанд, донишчуён то саоти 3-и шаб дарс таёр мекунанд танхо 3-соат хоб мекунанд тамом.
3. аз Саховат ба Донишгохи омузгори аз 40 то 60 минута рох аст. (Ректор як бор ба наклиёти давлати не ба микроавтобус бра мефахмен).
4. Дар Шаби ягон кас ба ДАРС НАМЕРАВА. КОНУНИ МЕХНАТАМ ВАЙРОН КАРДЕН. Бечораи донишчу шабошаб ба дарс меравад. Айб аст айб. гунохи худро сари донишчуёни бечора бор кардан.

Вазифаи кумитаи иттифоки касаба тибки конун дигар аст.... он нозири интизоми мехнат нест, хой точикхо сал бедор шавед, акун...

Коршинос
Албатта ин кори хеле хуб аст, интизом бояд дар ҳамаи кор бошад, лекин устодони мӯҳтарами ДДОТ ба таълими донишҷӯён ҳам диққати ҳаматарафа доданашон лозим аст, мутаасифона дар бисёр ҳолатҳо дониши хатмкардаи Донишгоҳҳо ба талабот ҷавобгӯ нест.

Танкид кардан хуб аст, гуё "меваи коммунизм (демократия) аст". Аммо каси ба танкид меарзидагихо кам хастанд, ки ба муаллимон гузаштед. Худ фикр кунед, корманде, ки маоши ночиз мегирад, тамоми соати рузонаи умрашро ба ин маблаг фурухтан аз руи инсоф аст, ба шарте ки муаллим дарс надошта бошад. Дер омадан ин харгиз маънои корро бемаъсулона анчом доданро надорад, Ин "конуни" гирифтанхо хамааш шакл аст, дар асл худи ин гуна конундонхо конунро "вайрон" мекунанд. Обруи муаллимонро бо "рейдатон" нарезонед дар назди донишчуён ва кадри онхоро, ки бе ин хам зиндагиашон вазнин аст, паст назанед. Сарукор гирифтан бо фарзанди мардм нихоят мушкил аст. Олим тайёр кардан барои чамъият аз он мешкилтар аст ва агар ин олимон, ки кадри худро дониста аз кор раванд чи, ин ба фоидаи чамъият аст ё ба фоидаи рейд мегузарондагихову "законикхо". Ин усули кориро дар хамон давраи Шурави монеду ба шакли дигар гузаред. Конунхои нонавиштаро, ки баъзан дар даврахои гузариш ва дигари хаёти вучуд доранд, ба инобат гиред, хохиш мекунам. Айб аст барои вазифадорхо, ки имтихонхои фалсафаи ичтимоиро супоридаанду конунхои чамъиятиро "медонанду" вазифа гирифтаанду ин гуна рафтор мекунанд. Вазифаро барои он Чаноб таъин мекунад, ки конунхои нонавиштаро тахлил карда тавонему барои пешравии чамъият ба Певои миллат пешниход кунем. Барои чи аудиторияхо хунук асту муаллимон он чо дар тули солхо саломатии худро аз даст додаанд, касе лаб намекушояд.
Кувваи асосии пешбарандаи чамъият дар тули солхо зиёиён буданду хастанд. Биёед фоидаи чамъиятро дар мадди аввал гузорему баъд "худро нишон" дихем.
Ман хич намефахмам, ки барои чи саршавии дарсхоро соати 7.30 кардаанд. Донишчу, ки аз соати 7.30 то 2, 3 гурусна дарс мехонад, касали шавад, оё зиёиёни ояндаи мо зиндагиашон дар хатар нест?!

омузгор
Хммм... Ба фикрам аксарияти посуххоро дар хошия омузгорони донишкада навиштаанд. Аз охангаш маълум, ки на токати кор доранду на токати танкид. Матлаб ба ман маъкул шуд, кош дар хама донишкадахо хамин хел ошкоро фаъолияташонро барраси мекарданд...

Devona
шахрванд,
"Дер омадан ин харгиз маънои корро бемаъсулона анчом доданро надорад"???
DEr omadan in alakaj bemasuliyati nisbati kor ast, vassalom! Bemasuliyativu kornodonii hudatonro ba sari sinfhonahoi hunuku musofirbarhoi benaksha nazaned. Maosh kam? Ba zindagi namerasad? Pas in hel kori kammaoshro bas kuned! Yod gired istefo dodanro, shumoro ba kursi nabastaand, firebi hudu donishju to ba kaj?
Mushkilii musofirbaru hunukii sonfhonahoro metavoned yakjoya nazdi Ubajdulloev ravedu hal kuned,hal nashud yakjoya korpartoi kuned, boz hal nashud istefo dihed...pust hukumat korgar jobad hudash...vale der omadan in sharmandagi!!!

мушохидакор
Лекин хами донишгохи омузгориба ба гуфти кампиро дуо рафтаги будааст да. :-) харсол я пиар мекунад, яке пошнаи туфли чен мекнан, яке я кори дигар... просто ташшабускор дя..))

Шаҳрванд
Мӯҳтарам муаллифони матлаб аз оне, ки ному насаби устодони ДОТ-ро ба гуфти худатон ошкоро навиштаед, бо чунин амал ба фикратон магар пешравӣ дар ҷомеъа мешавад!? Беҳтар мебуд дар дохили ДО ба ин устодон огоҳи медодед!

Барои рузноманигор як факт зарур аст, ки дар атрофи он тобиши фикр намояд. Хадаф аз рейд бехбуди бахшидан ба давомоти донишчуён ба дарс буд. Хамаруза давомот аз 92-90% кам нест. Хакикат бояд нишон дода шавад

Салом
Мавзуи хеле хуб аст амо фикр накунам ки хамаи ин корхо барои ислох кардани ин камбудихо бошад,агар дар хакикат ин тавр мебуд ректор дар як мох хади акал бе итилои донишчуён ба дарсхо дохил мешуд ва фаолияти донишчуёнро хам баназар мегирифт хеле бехтар мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)