Бахшҳо

Нашри аксҳои гаравгонгирони писари мансабдор барои 100 ҳазор $

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 6-уми декабр гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Турсунзода, бо роҳи гаравгонгирӣ хостаанд маблағи калони пулӣ ба даст оранд.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, тахминан соати 07:30, яке аз аъзоёни ин гурӯҳ дар кӯчаи И. Сомонии шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб худро ба писарбачаи 17-сола ҳамчун шиноси падараш муаррифӣ карда, изҳор доштааст, ки то мактаб бо автомашинааш тамғаи «ДЭУ ТИКО» бурда мерасонад: “Ноболиғ ба суханҳои ӯ бовар карда, ба автомашина савор мешавад. Пасон, ин аъзои гурӯҳ ноболиғро ба тарафи яке аз биноҳои истиқоматии маҳаллаи шаҳри Турсунзода, ки дар он ҷо аъзои дигари ин гурӯҳ, яъне ҳамсари ӯ интизор буд, оварда, дар якҷоягӣ ӯро маҷбуран ба дохили бино медароранд. Сипас, онҳо дасту пойи писарбачаро бо коғази ширешшуда (скоч) баста, ҳаммаслаконашонро ба назди худ даъват менамоянд”.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи рабудани ноболиғ гурӯҳи ҷиноятпеша ба падараш занг зада, барои озод кардани писараш 100 ҳазор доллари амрикоӣ талаб менамоянд: “Пас аз ба Вазорати корҳои дохилӣ ворид гардидани ахбороти дахлдор, оиди ҳодисаи гаравгонгирӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ созмон дода шуда, амалиёти махсус амалӣ карда шуд”.

Вазорати умури дохилӣ афзуд, зимни амалиёт ки соати 23:30-и 6-уми декабр гузаронда шуд, 3 гумонбари ҷинояти гаравгонгирӣ дастгир гардида, 1 нафари онҳо ҳангоми озод намудан ва ҷой доштани таҳдид ба ҷону саломатии ноболиғ безарар гардонида шуд: “Ноболиғи ба гаравгон гирифташуда, бе бардоштани зарари ҷисмонӣ озод карда шуда, ба волидайнаш баргардонида шуд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт аз тарафи шаҳрвандон ва кормандони мақомот касе осеб надидааст”.

Манбаъ илова намуд, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд. Гуфта мешавад, ноболиғи рабудашуда писари собиқ натариуси шаҳри Турсунзода будааст.



Нашри аксҳои гаравгонгирони писари мансабдор барои 100 ҳазор $

Нашри аксҳои гаравгонгирони писари мансабдор барои 100 ҳазор $

Нашри аксҳои гаравгонгирони писари мансабдор барои 100 ҳазор $

Нашри аксҳои гаравгонгирони писари мансабдор барои 100 ҳазор $
Мӯҳр
точир
акнун гушна бо шер мечангад!

Албатта ба гарав гирифтани ашхос кори чиноят аст, аммо мо бояд сабаби инро биомузем пеш аз онки, онхоро чинояткор хисоб мекунем ва безарар ( мекушем) мегардонем. Фикр мекунам ин корхо дар оянда бисер рух медиханд, чунки дар байн бойхо боло мераванду нодорон боз паёнтар ё камбагалтар мешаванд. Бояд харчи зудтар ба мардум чойхои кори маоши хуб таьмин карда шавад то фикри ин корхоро накунанд вагар на , шумо пулдорон зангхои дигарро интизор бощед!

Озоди озод бош!

Ҳоҷӣ
Точик,
Рост гуфти бародар, вале гаравгонгирҳо аз куҷо медонистанд,ки падари ин писар,ки як нотариуси оди будааст, ин қадар пули калон дорад ва ин пулро аз куҷо ёфтааст? Маслан,онҳо чаро писари ягон фаррорш ё посбони оддиро гаравгон намегиранд?

Банда тарафдори чунин як бетартибихо нестам ..
Фикр намекунам,ки ин вокеъа ба хотири танхо 100$ бошад хубтар пайгири кунед "таги коса ,нимкоса " гуфтани гапхо хаст.

ТОЧИК
хас каму чахон пок

акнун мемури дузд ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)