Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:28

Комёбии як навраси тоҷик бо исми Дониёли Беҳрӯз дар Эрон

1 декабр 2011, 10:17

Дониёли Беҳрӯз, донишомӯзи тоҷики муқими Эрон дар мусобиқоти навҷавонон дар риштаи варзишии  каратэ-киютишан  соҳиби ҷои аввал ва медали тилло гардид.


Ин мусобиқот ахири ҳафтаи гузашта  бо ҳузури садҳо нафар аз варзишкорони донишомӯз дар шаҳри Машҳад баргузор шуд. Тибқи иттилое, ки алъон ба хабаргузории «Озодагон» расидааст, Дониёл талабаи соли 5-уми дабистон (синфи 5-ум) дар шаҳри Машҳад буда, 2 сол қабл аз ин ба машқи варзиши каратэ оғоз кардааст. Ҳамватани кӯчаки мо бо ширкат дар ин мусобиқа нахустин нишони тиллоро дар фаъолияти варзишиаш ба даст овард.

Маврид ба ёдоварист, Дониёл фарзанди Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, шоир ва рӯзноманигори тоҷик аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!