Бахшҳо

ФИЛМ: Давлат Худоназар дар бораи “Робин Гуд”-и тоҷикони Помир

Давлат Худоназар, коргардони маъруфи тоҷик дар филми мустанад, ки аз ҷониби Озод Маликов таҳия шудааст, Эдуард Карлович Кивекэсро ба “Робин Гуд” ташбеҳ додааст, ки тоҷикони Помирро аз зулм наҷот додааст.

Дар ин филми 30 дақиқаӣ гуфта мешавад, ки Кивекэс соли 1893 дар ҳайати армияи рус ба Помир омада, тоҷикони ин минтақаро аз зулми афғонҳо ва бедодгарии мансабдорони аморати Бухоро ҳимоят кардааст. Ҳукмронии лашкари амири афғон Абдураҳмонхон дар навоҳии Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошим, ки 10 сол, аз 1883 то 1893 давом кардааст, сиёҳтарин рӯзҳо дар ҳаёти тоҷикони Помир баҳогузорӣ шудааст.

Давлат Худоназари 72-сола дар ин филм мегӯяд бори аввал номи Кивекэсро дар синни 4-5-солагӣ шунидааст: “Падарбузургам он замон бо ҳамсолонаш аз хотироти худ суҳбат мекарданд. Аз он замон номи Кивекэс дар хотири ман хеле рӯшан ва ба сурати мусбат нақш бастааст. Ҷузъиёти суҳбати онҳо дар ёдам нест, аммо як одамеро мегуфтанд, ки барои онҳо хеле корҳои хуб ва бошарофат кардааст.”

Бар бунёди ин филми мустанад Эдуард Карлович Кивекэс соли 1866 дар Финландия ба дунё омада, ҳамроҳ бо экспедитсия рус ба Помир омадааст. Ӯ се бор ба вазифаи сардори отряди Помир таъйин шуда бо мусоидат ва кумаки дипломат ва афсарони рус минтақаи Помир ба ҳайати империяи Русия дохил шудааст.

Ба гуфтаи Давлат Худоназар, ин афсари финтабори артиши Русия дар номаҳои худ вазъияти бади тоҷикони Помирро ба генерал-губернатори Туркистон мерасонд. “Онҳо дар асорат буданд. Ӯ бо мардум наздик шуд. Ба забони онҳо суҳбат мекард. Номи ҳамаи онҳоро медонист. Дар ҳамаи деҳаҳо дӯстҳо ва бо мардуми оддӣ муносибати дӯстона дошт.”

Дар филм гуфта мешавад, ки ин афсари армияи рус ҳангоми рафтан аз Помир Гулбегим, як духтари 7 соларо ба духтархонӣ гирифтааст. Давлат Худоназар мегӯяд, ӯ падари духтаре шуд, ки дар он сарзамин ба дунё омада буд ва суол гузоштааст: “Ба чӣ шакли дигар метавон дӯстдории худро ба мардум изҳор дошт?”

Ҷузъиёти ҳаёти Кивекэс ва тоҷикони Помир дар охири асри 19 ва аввали асри 20-ро дар филми мустанади зерин тамошо кунед, ки ба муносибати 150-солагии мавлуди Кивекэс таҳия шудааст:


Мӯҳр
Бобо
Дар пушти ДДХ мехмонхона хаст ба номи ин марди бузург. Хамааш хуб, вале сервис желает оставаться лучшим.

Робин Вуд-аш ким бо чизе мешавад худ.

Ориёи
Хороший фильм. Хорошая работа. Но, товарищи, на что намекаете, на что??!! Ай яй яй, ай яй яй!!!

Офарин! Хакикати таърих хамеша голиб аст. Бузургонро бузургон зинда медоранд....

Акаи Давлат!
Спасибо за фильм. Затронул душу и память наших предков, которые помнили его и были благодарны ему. Особенно "задело" отсутствие благодарной памяти наших современиков.
Мечтаю о создании в г. Хороге, на площаде памятника(или небольшого мемориала) в честь всех русских офицеров, которые служили на Памире до начало 20-х годов хх-го века на Памире.
Еще раз большое спасибо и успехов в подобных начинаниях.

Риққатбортарин манзарае, ки маргро низ мегирёнад, илтимоси як гург аст? Нолаи оҷизонаи як шер аст? На! Ин гиристани як МАРД аз барои мардии ин МАРД аст!

Мухтарам Ориёи,

Максади ин филм дар пос доштани хизматхои бегаразе, ки ба точикон чунин шахсон расондаанд. Что касается Вашего намека, то для Ориё это непозволительно, ибо Ориёиён чукуртар фикр меронанд ва "намекро" аз посдорию марди фарк мекунанд. Саломат бошед.

Товарищ
Зиндаву човидон бод Робин Гуди помири. Эхх кош хозир як Робин Гуди дигар пайдо мешуду точиконро аз камбагали, бесветиву, аз мухочират начот дода ва бо чои кор таьмин мекард. Озодагон ташаккур барои мавзуи чолиб ва чопи бекайчи

Рузатон ба хайр бошад,
эхтиромона хохиш дорам ки номи коргардони аслиро истифода баред. Озодагон на бояд ба ин гуна хаттогихо рох диханд ки тамошобинон ба нофахми дучор нагарданд!

Ташаккур

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)