Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:17

Шаҳомати Турсунзода ва “таҳайюр”-и Музика дар Маскав

1 декабр 2011, 11:01

“Баъди Душанбе барои тоҷикон аз Маскав дида, маркази илму фарҳанги форсии ғание мавҷуд нест”.


Ин нуктаро зимни як ҳамойиши вижа дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав сафири кишварамон дар ФР Абдумаҷид Достиев иброз дошт. Ӯ афзуд, аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, то сари ин миз аз устод, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ёд кунему равони ӯро шод гардонем.

Ҳамчунин, сафорати Тоҷикистон дар Маскав шумораи махсуси нашрияи “Тоҷикони Маскав”-ро махсус ба зодрӯзи ин марди наҷиб бахшидааст, гуфт ҷаноби Достиев.

Баъдан, Владислав Иванович Музика, олими шинохтаи рус, зодаи Тоҷикистон, дӯсти наздики Мирзо Турсунзода аз номи фарзанди Мирзо Турсунзода Масъуд Турсунзода ба ҳозирин изҳори ташаккур карда, паёми шодбошии он касро расониданд. Оқои Музика  изҳор дошт, ки борҳо меҳмони хонадони устод Турсунзода будаанд ва аз ӯ дида одами хирадмандро то ҳанӯз вонахӯрдааст.

Идомаи маводро аз ин нишонӣ мутолиа кунед: http://www.ozodagon.com/g/item/16048



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!