Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:52

Мянмар аз ташрифи мақоми амрикоӣ изҳори хурсандӣ мекунад

1 декабр 2011, 11:28

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико зимни нахустин боздидаш аз Мянмар имрӯз гуфтааст, ки  аз тағйироти ахир дар сиёсатҳои ин кишвари воқеъ дар Ҷанубу шарқи Осиё “дилгарм” шудааст.


Тейн Сейн, раиси ҷумҳури Мянмар, дар мулоқот бо Ҳилларӣ Клинтон дар шаҳри Найпидав иброз дошт: «Боздиди хонум Клинтон “марҳилаи наверо” дар ҳамкориҳои ду кишвар боз мекунад. Тайи 50 соли ахир ҳеч яке аз вазирони умури хориҷии Амрико ба Мянмар сафар накарда буд, ки онро низомиён идора мекарданд ва танҳо соли гузашта, ба навъе зимоми умурро ба ҳукумати ғайринизомӣ доданд, аммо нуфузи низомиён дар ҳукумат ҳамчунон барҷой аст.

Интизор меравад, Ҳилларӣ Клинтон имрӯз вориди шаҳри Янгон шавад ва қарор аст бо Сан Су Чӣ, раҳбари мухолифин ва барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел мулоқот кунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!