Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:12

Хуҷанд:Эҳёи ҳашарҳои умумихалқӣ зарур аст

2 декабр 2011, 03:46

Раҷаббой Каримов, райиси шаҳри Хуҷанд бо ашхоси солору ҳаётдида, пирони кор ва сокинони маҳаллаҳои «1-уми Май» ва ба номи Ҷаббор Расулов мулоқот кард.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, масоили марбут ба муроҷиату дархост ва пешниҳоду маслиҳати сокинон дар мавриди ободонӣ, рушди соҳаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт - Хуҷанд шаҳри қадимаи соҳибтамаддун, яке аз калонтарин марказҳои фарҳангии Тоҷикистон аст,- гуфт Раҷаббой Каримов. Ӯ афзуд, сабзу хуррам, ободу зебо гардондани он ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрамон вазифа ва қарзи муқаддаси мову шумост. Ҳадаф аз гуфтугӯи рӯ ба рӯи мо низ гирифтани маслиҳати пирони кор, инсонҳои рӯзгордида гармию сардии ҳаётро чашида барои беҳтар ба роҳ мондани кор дар самти шаҳрдорӣ аст. Зимнан, ширкатдорони мулоқот доир ба масъалаҳои таъмиру мумфаршкунии кӯчаҳои дохилӣ, барқарор кардани ҷӯю ҷуйборҳои маҳаллаҳо, ки вақтҳои пеш дар бараш ниҳол мешинондаду сабз мекарданд, эҳёи ҳашарҳои умумӣ бевосита дар гузару маҳаллаҳои шаҳр бо ташаббуси худи сокинон, ба ифоқа овардани нарху наво дар бозорҳо, тарбияи ахлоқии бачагон ва наврасону ҷавонон, истифодаи самараноки толору майдончаҳои варзишӣ ва муассисаҳои фарҳангиву фарaғатӣ ибрози назар карданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!