Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:56

Қозидавлат Қоимдодов- нахустсафири Тоҷикистон дар Литва

2 декабр 2011, 04:12

Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов (иқоматгоҳ дар ш. Мински Беларус) ба президенти Литва Даля Грибаускайте эътимоднома супорид.


Тибқи иттилои вазорати умури хориҷа, дар ҷараёни мулоқот, ки баъди маросими супоридани эътимоднома баргузор гардид, масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодии ду давлат баррасӣ шуданд. Президенти Литва нахустин сафири Тоҷикистон дар Литваро барои таъин шуданаш ба ин мақом табрик гуфта, изҳори боварӣ кард, ки таъиноти ҷаноби Қоимдодов ба ин вазифа барои пешрафт ва рушди ҳамкориҳоо заминаи хубе хоҳад буд.

Маврид ба ёдоварист, муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Литва соли 1992 барқарор шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!