Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:46

Ҳалокати ду ҷавони 24-сола дар ҷануби Тоҷикистон

2 декабр 2011, 06:34

Сониҳаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Душанбе мунҷар ба марги  ду ҷавони 24 сола гардид.


Тавре аз РБДА-и ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, шаби  30-юми ноябр тахминан соати 02:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра Маҳмадсафар Сатторови 30- сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Душанбе дар деҳаи Қизил-қалъа аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба канори чапи роҳ ҳаракат карда, ба девори хонаи шаҳрванд   бархӯрда, автомашинаро чаппа мекунад. Дар натиҷа, мусофирон- Абдусамад Қаландарови 24- сола ва Парвина Сафароваи 24- сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта (1-уми декабр) дар ҷумҳурӣ 4 садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа 7 нафар захм бардошта, хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!