Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:34

INL ва «Талоши зиндагӣ» дар муқобили маризии нашъамандӣ

2 декабр 2011, 06:37

Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии сафорати ИМА (INL) муштаракан бо «Маркази тадқиқоти журналистӣ»  рӯзи 3-юми декабр консертро таҳти унвони «Талоши зиндагӣ» сарпарастӣ мекунанд.


Тибқи иттилои сафорати ИМА ин чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи барномаҳои INL барои коҳиш додани талабот ба маводи нашъаовар (DDR) соли 2011-2012, ки бештар аз 300 000 доллар ба созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмиллалӣ, ки ҳамаи чор вилоятҳои Тоҷикистонро дар бар мегиранд, ташкил шудааст. Шаш созмони ғайридавлатии маҳаллӣ ва як созмони байналмилалӣ бо марказаш дар Британияи Кабир барои мубориза ва пешгирии одамон аз нашъамандӣ маблағи грантӣ дода шуда буд. Ин ҳафт лоиҳаи мунтахаб тавассути иқдомҳои омӯзишӣ, варзиш, рақс, театр ва ғайра зиндагии солимро миёни қишрҳои осебпазир тарғиб мекунад.

Манбаъ афзуд, барномаи консертӣ ҷавононро аз хатари нашъамандӣ ҳушёр мекунад ва аз қиссаи фоҷеаангези сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик Субҳон Саид мисол меорад, ки аз банди ҳероин раҳо ёфтааст. Пас аз бемории шадид Субҳон Саид кафи ҳар ду пояшро аз даст дод ва сарояндаи машҳур дигар ҳеч гоҳ рақсида наметавонад. Баъд аз ғолиб омаданаш ба ин беморӣ Субҳон ба саҳна баргаштааст, то барномаҳои ройгони консертӣ иҷро намояд ва ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят  кунад.

Ҳамчунин, дар маҳфил сарояндаҳо ва гурӯҳҳои машҳур, аз ҷумла Таҳмина Ниёзова, Фурқати Саид, гурӯҳи «Парем» ва фарзандони Субҳон Саид – Сайёд, Амиршо, Ҷамшед ва Сорбон Саидовҳо ширкат хоҳанд кард. Маркази тадқиқоти журналистӣ ҳамчунин сабти консертро ба зимма дорад ва филми мустанадро оид ба ҳаёти Субҳон Саид ба ҷомеа пешниҳод хоҳад кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!