Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:54

Ҳамрохон Зарифӣ дар конфронси «From Transition to Transformation» ширкат мекунад

3 декабр 2011, 04:45

Субҳи имрӯз (3 декабр) вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар ҳамойиши байналмилалӣ оид ба Афғонистон «From Transition to Transformation» ба Олмон парвоз кард.


Тибқи иттиллои ВКХ, қарор аст ин конфронс рӯзи 5-уми декабр дар шаҳри Бонн сурат пазирад. Гуфта мешавад, ҳамойиши мазкур раванди 10-солаи иштироки ҷомеаи ҷаҳониро дар ҷодаи барқарорсозии сулҳу субот ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Афғонистон, ки декабри соли 2001 дар Бонн оғоз шуда буд, натиҷагирӣ менамояд.

Манбаъ афзуд, дар чаҳорчӯби конфронс дар назар аст, ки ҷабҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ оид ба мушкилиҳои Афғонистон, масъалаҳои вобаста ба амният, ҳамчунин роҳҳои андешидани тадбирҳои дахлдор барои он ки Афғонистон тавонад мушкилиҳои дохилии худро баъди соли 2014 ҳал намояд, баррасӣ мегарданд.

Пас аз иштирок дар конфронси Бонн ҷаноби Зарифӣ озими Литва гардида, рӯзҳои 6-7 –уми декабр дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Вилнюс ширкат менамояд. Дар рафти ҷаласа иштирокчиён ният доранд роҳҳои минбаъдаи тақвияти фаъолияти САҲА-ро бо дарназардошти хатару чолишҳои нав ба амният матраҳ кунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!