Бахшҳо

Мулоқоти ғайрирасмии дипломати амрикоӣ дар Душанбе

Кен Гросс, сафири ИМА дар Тоҷикистон ашхоси сироятёфта бо ангезандаи норасоии масунияти бадан (ВИЧ)-ро ба ҳузур пазируфт.

 


Тибқи иттилои расида, ин мулоқот ғайрирасмӣ буда, он дар қароргоҳи дипломатии амрикоӣ сурат гирифт. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои  вобаста ба ВНМО дар Тоҷикистон ва тарзи зисти ашхоси аз паҳншавии босуръати ин беморӣ осебдида мавриди муҳокима қарор гирифт. Таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа ба хавфи паҳншавии босуръати ВНМО, тамғагузорӣ ва ҳуқуқпоймолкунӣ ва  нақши шахсони бо ВНМО сироятёфта дар пешгирии паҳншавии ВНМО дар Тоҷикистон равона гардид.

-Дар  Тоҷикистон имконияти нодиртарини боздоштани паҳншавии ВНМО мавҷуд аст, пеш аз он, ки ин доманзанӣ андозаи миқёсӣ нагирад,- гуфт сафири амрикоӣ. Ӯ афзуд, барои ин бояд санҷишҳоро дар байни оммаи васеъ, роҳҳои пурсамари пешгирӣ ва табобати бардавоми шахсони бо ВНМО сироятёфтаро гузаронд: «Вале агар мо аз муҳокимаи кушоду равшани ин масъалаи ҳалталаб ҳаросем ва бо нодонии худ барои истифодаи ҳамаи хизматҳое, ки онҳо эҳтиёҷ доранд, монеа шавем, ҳамаи кӯшишҳо беҳудаанд ».

Қайд гардид, ки ҳарчанд паҳншавии ВНМО дар байни аҳолии Тоҷикистон паст аст, вале хавфи паҳншавии босуръати он вуҷуд дорад.  Аксари ҳолатҳои нави ба қайдгирифташудаи ВНМО ба истеъмолкунандагони маводи нашъаовар рост меояд. Теъдоди сироятёшудагон тавассути алоқаи ҷинсӣ низ боло рафта истодааст. Ташкилотҳои зиёде, ки лоиҳаҳои амалкунанда доранд ва аз он ҷумла аз тарафи ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ карда мешаванд, ҳолатҳои тамғагузорӣ ва ҳуқуқпоймолкуниро аз тарафи кормандони корҳои дохилӣ, идораҳои тиббӣ ва ҷамъият қайд менамоянд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)