Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 30 май 2017, 18:02

Зарифӣ ва Алӣ Акбар Солеҳӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои гидроэнергетикиро ба баррасӣ гирифтанд

5 декабр 2011, 03:47

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аснои ширкат дар конфронси байнулмилалӣ оид ба масоили Афғонистон дар шаҳри Бонни Олмон бо ҳамтои эронии худ Алӣ Акбар Солеҳӣ мулоқот кард.


Тибқи иттилои департаменти иттилооти ВКХ, зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ ва инфрасохторӣ баррасӣ гардиданд.Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар масъалаҳои марбут ба Афғонистон ва идомаи ҳамкориҳои фаъоли тиҷоратӣ ва иқтисодии миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро бо ҷалби шарикони минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналхалқӣ бо мақсади ҳарчӣ зудтар пиёда сохтани лоиҳаҳои умумиминтақавӣ низ муҳокима карданд.

Манбаъ афзуд, дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои сиёсати минтақавӣ ва байналхалқии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи андеша доир гардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!