Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:31

Даъвои духтари президент дар додгоҳ

21 май 2011, 08:04

Баррасии даъвои  духтари Ислом Каримов, президенти Ӯзабистон дар Париж оғоз гард.

Ин даъвои духтари райисҷумҳури Ӯзбакистон, Лола Каримова нисбати расонаи интернетии  Rue89.com, ки падарашро диктатор хондааст.  Лола Каримова аз ин расона ба андозаи  30 ҳазор евро зарари маънавӣ талаб кардааст.

Муаллифи мақола Оугустин Скалбер президенти Ӯзбакистон Каримовро «диктатор» хонда, ҳамчунин гуфтааст, ки духтарони ӯ  бо додани пора ва сарпарастии чорабиниҳои хайриявӣ кӯшиши пӯшонидани ҳолатҳои қатли оми Ислом Каримовро мекунанд.

Дар мақолаи Оугистин Скабер ҳамчунин пардохти маблаги ҳангуфти 190 ҳазор евро ба ҳунарманди шинохтаи синамо Моника Белуччи низ хабар дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол хабарнигор бар ақидааш устувор буданашро борҳо иброз намуда гуфтааст, асноди зиёде дар даст дорад, ки барои «диктатор» хондани Ислом Каримов асоси ҷиддӣ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки ҳомиёни ҳуқуқи ӯзбак, ба мисли Муътабар Тоҷибоева ва Надежда Атаева хамчун шоҳидони айнии тасдиқи далели диктатории Ислом Каримов аз сӯи додгоҳ даъават шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!