Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 19 август 2017, 10:29

Эрон як ҳавопаймои амрикоии тамғаи «RQ-170»-ро сарнагун кардааст

5 декабр 2011, 05:38

Неруҳои мусаллаҳи давлати исломии Эрон дар шарқи ин кишвар як ҳавопаймои бесарнишини ҷосусии Амрикоро сарнагун карданд.


Як  мақоми огоҳи низомии Эрон ба хабаргузории «Форс» гуфтааст, ки ҳавопаймои бидуни сарнишини пешрафтаи ҷосусии амрикоӣ аз навъи «RQ-170» тавасути неруҳои мусаллаҳи Эрон сарнагун шуд ва бо андаке ҳисорот дар ихтиёри мо қарор гирифт. Ин мақоми низомии Эрон аз бурдани номаш худдорӣ карда таъкид кардааст, ки назар ба вуқӯъи таҷовузи ошкори марзи иқдомоти амалиётӣ ва электроникии неруҳои мусаллаҳи ҷумҳури  исломии Эрон алайҳи ҳавопаймоҳои мутаҷовиз ба марзҳои кишвар маҳдуд нахоҳад монд.

Бино ба қавли мутахассисон ин навъи ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоиро то ин замон ҳеч дастгоҳи радарӣ ва мухобиротӣ кашф накарда буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!