Бахшҳо

Кормандони мақомоти зирабти Тоҷикистону Афғонистон 466 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд

Бо ширкати маблағгузорони барномаҳои зидди нашъа дар агентии назорати маводи мухаддир баррасии лоиҳаи пешниҳодии Гурӯҳи кории байналмилалӣ доир гардид.


Тавре ба хабаргузории  «Озодагон» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, зимни ҷаласа ҷараёни иҷрои шартҳои пардохти грантҳо ба агентӣ дар моҳҳои июл-декабри соли 2011 мавриди сӯҳбат қарор гирифт. Қайд карда шуд, ки тибқи нақшаи тасдиқшуда дар нимсолаи аввали соли 2011 оид ба пардохти грантҳо ба агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон чорабиниҳои ба нақшагирифташуда оид ба пешгирии нашъамандӣ, ошкорсозӣ ва ҷилавгирӣ аз вуруди маводи мухаддир, расонидани воситаҳои техникӣ ба агентӣ бо мақсади такмили фаъолиятҳои марбут ба ин самт иҷро гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра агентӣ дар доираи ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ як силсила муоҳадаҳои байниидоравӣ ва протоколҳои муборизаи муштарак бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир  ба имзо расонд. Бо ин мақсад то ин лаҳза агентӣ 22 муоҳадаи байниидоравӣ ва протоколҳои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Қазоқистон, Хитой, Қирғизистон, Русия, Ӯзбакистон, Афғонистон, Эрон, ИМА ва Украина имзо кардааст.

Бойиси тазаккур аст, ки тӯли 10 моҳи охир афсарони агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон 30 амалиёти муштарак гузарониданд ва аз муомилоти ғайриқонунӣ бештар аз 466 кило маводи нашъадор, 9 адад силоҳи оташфишон ва ба миқдори зиёд муҳимоти ҷангӣ мусодира намуданд. Пешниҳод шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2012 мулоқоти аъзои Гурӯҳи кории байналмилалӣ мунтазам гузаронида шавад. Пардохти саривақтии грантҳо таъмин карда шаванд. Барои татбиқи лоиҳаҳои Бунёди Маркази таълимии азнавтайёркунии кадрҳо дар агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон, омодасозии утоқ барои ташкили мини-студия дар агентӣ ва таъминоти техникии он имкониятҳои молиявӣ ҷустуҷӯ карда шаванд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)