Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:34

Убайдуллоев шикояти 28 нафар сокини пойтахтро шахсан баррасӣ кард

5 декабр 2011, 07:16

Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе шаҳрвандонеро, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони райиси шаҳр ва райисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд, ба ҳузур пазируфт.


Дар ин бора Шавкат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, дар асоси муроҷиати  қаблии шаҳрвандон, ки аз ҷониби шўъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи райиси шаҳри Душанбе бо ин мақсад ба қайд гирифта шуда буданд, 28 нафар сокинони шаҳр барои қабули шахсӣ пазируфта шуданд.

-Дар маҷмўъ мўҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро масъалаи  баҳси манзили шахсӣ, дастрасӣ ба манзили истиқоматии иҷоравӣ, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ ва кўмакҳои молиявию маслиҳатӣ ташкил медод, ки вобаста аз салоҳиятҳои шаҳрдорӣ нисбати ҳар кадомашон тадбирҳо андешида шуданд,-афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!