Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:46

Панҷакент:Сафирони ИМА ва Британияи Кабир мақбараи Рӯдакиро зиёрат карданд

5 декабр 2011, 12:09

Сафири Британияи Кабир Тревор Мур ва дипломати амрикоӣ Кен Гросс ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ташриф оварданд.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аснои боздид меҳмонон бо аъзоёни гурӯҳи кории шаҳрӣ мулоқот намуда, оид ба таҳияи «Барномаи рушди шаҳри Панҷакент барои солҳои 2011 - 2015» табодули афкор намуданд.

 

Ҳамзамон, сафирони ин ду кишвари хориҷӣ бо лоиҳаҳои сафорати Амрико оид ба нигаҳдории ёдгориҳо, БРСММ дар Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Одил Темур» ва аз фаъолияти ҶММ «СимоТВ» шинос гардида, аз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон, мамнӯъгоҳи Саразм, мақбараи устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд боздид намуданд. Дар поёни сафар мулоқоти дипломатҳо бо райиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров баргузор шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!