Дар ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон қочоқчии маводи нашъадори «ҳашиш» ба даст афтод.
Тавре ба «Озодагон» Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД иттилоъ дод, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, шаҳрванд Аламхон Мирови 41- сола сокини ноҳияи Шӯрообод, ҷамоати Шӯрообод, деҳаи Хайркорон дастгир карда шуд. Аснои кофтукоби шахсӣ аз борхалтаи ӯ 10-бастача, ки дар дохилашон мувофиқи маълумотномаи ташхиси криминалӣ беш аз 9 килограмм маводи нашъадори «ҳашиш», дарёфт ва мусодира карда шуд. Айни замон оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти қазия идома дорад
Мӯҳр