Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:33

Жириновский дар Душанбе ҳамагӣ 71 ҷонибдор доштаасту бас

5 декабр 2011, 11:28

Аз шаҳрвандони Русия, ки муқими Тоҷикистонанд дар интихоботи парлумонии Русия 7 ҳазору 753 интихобкунанда иштирок карда,  бештарашон ҳизби «Русияи воҳид» - ро дастгирӣ кардаанд.


Владимир Ваниев, масъули сафорати Русия дар Тоҷикистон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки аз 1199 нафаре, ки дар шаҳри Душанбе овоз додаанд, 747 нафарашон ҳизби «Русияи воҳид», 257 нафарашон ҳизби коммунистии Русия ва ҳизби «Русияи боадолат» - ро 63 нафар тарафдорӣ кардаанд. Ба ҷонибдории ҳизби либерал демократии Русия, бо сарварии Владимир  Жириновский, ки бо изҳороти зиддитоҷикиаш маъруф аст, дар пойтахти Тоҷикистон ҳамагӣ 71 нафар овоз додаанд.

Ба иттилои сафорати Русия дар шимоли Тоҷикистон  дар интихобот  640 интихобкунанда иштирок карда, 494 нафарашон ҳизби «Русияи воҳид», 83 нафар ҳизби коммунистҳо ва 29 нафар ҳизби «Русияи боадолат» - ро дастгирӣ кардаанд.  Дар Норак 71 фоизи овоздиҳандаҳо ба ҷонибдории «Русияи воҳид» овоз додаанд.

Шумораи шаҳрвандони Русия, ки имкон доштанд дар Тоҷикистон дар интихобот иштирок намоянд, ҳудуди 20 ҳазор нафар арзёбӣ мегардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!