Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:20

Ӯзбакистон монеъи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон шудааст

6 декабр 2011, 03:30

Дар натиҷаи монеасозиҳои Ӯзбакистон зимни ҳамлу нақли бор ба Тоҷикистон кори чорумин намоишгоҳи ихтисосии ҷумҳурии исломии Эрон  дар шаҳри Душанбе, ки тайи 4 рӯзи авали моҳи ҷорӣ ҷараён дошт,  самараи дилхоҳ  надод.


Ин нуктаро дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон», Аббос Баёнӣ, масъули бахши иқтисоди сафорати Эрон дар Тоҷикистон изҳор дошт. Ба гуфтаи Баёнӣ дар Ӯзбакистон бо сабабҳои номаълум маҳз борҳои ширкатҳое, ки бояд дар намоишгоҳ иштирок мекарданду он борҳояшонро нишон медоданд, бозмондаанд ва иҷозат наёфта истодаанд, ки ҳаракатро идома бидиҳанд.  Ӯ мегӯяд:  «Мо бо сафоратамон дар Тошканд дар тамос шудем, то ба қазия рӯшанӣ андозем.  Мақомоти ӯзбак мегӯянд, ин борҳо мушкил доранд, аммо мушаххассан чӣ мушкил доранд, намегӯянд».

 

Аббос Баёнӣ мақсад аз ташкили намоишгоҳҳоро наздиксозии соҳибкорони тоҷику эронӣ ва густариши тиҷорат миёни ин ду кишвар номид. Ба гуфтаи ӯ, сарфи аз монеасозиҳои Ӯзбакистон дар натиҷаи намоишгоҳи чоруми ихтисосии Эрон дар Душанбе, ки рӯзе пеш ба анҷом расид, ду созишномаи ҳамкорӣ баста шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки имкон дошт, дар сурати ба тариқи пешбинишуда баргузор гардидани намоишгоҳ, шумораи созишномаҳои ҳамкории соҳибкорони тоҷику эронӣ бештар бошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!