Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:42

Як сокини Кӯлоб марги худро 8 соат интизор буд

6 декабр 2011, 04:23

Як сокини 55-солаи рустои Даҳанаи ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб Камол Шарипов ба таври бо барқ пайваст намудани ҷисмаш ҷони худро аз даст додааст.


Ёразиз Ғуломалиев, прокурори шаҳри Кӯлоб ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, қурбоншуда, ки дар бозори ҳамин ҷамоат ба савдогарӣ машғул буд, бо сабаби надоштани манзили зист, дар як утоқи хурди як соҳибкори маҳаллӣ як сол боз зиндагӣ мекард.Шаби 30-юми ноябр, ӯ ба наздиконаш дар тамос шуда гуфтааст, ки «сафари дурру дароз» дорад.

Аснои санҷиши ҷойи ҳодиса аз сӯи кормандони мақомот рӯшан гашт, ки майит ба оринҷи ҳар ду дасташ симҳои барқиро печонида, онро ба манбаъи барқ пайваст намуда, хоб рафтааст. Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир интиқоли неруи барқ ба таври реҷа ба роҳ монда шудааст ва «ҷонбезор» низ медонист, ки танҳо субҳгоҳон, ҳангоми интиқоли барқ марги ӯ фаро мерасад. Ба гуфтаи прокурор, санҷиши ин ҳолат ҳанӯз ба поён нарасидааст, ҳарчанд аллакай маълум гаштааст, ки Шарипов худкушӣ кардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!