Бахшҳо

Сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз «худсарӣ»-ҳо нигарон аст

Сафиалло Девонаев, сардори хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон зимни сафари корияш дар Русия бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамвататони бурунмарзӣ ва диаспорҳои тоҷикистониёни муқими Русия мулоқот анҷом дод.


Аз маркази матбуоти хадамоти мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки дар ин ҳамоиш  Сафиалло Девонаев дар робита ба вазъи кунунии муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русия иброз намудааст, ки дар баррасии масоили марбут ба муҳоҷират бояд ба далелҳои аниқ ва мӯътамади расмӣ такя намуд ва аз баҳогузорию ақидаронии худсаронаи баъзе аз нафароне, ки вақтҳои охир ба худ ҳуқуқи аз номи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳатто аз номи тамоми миллати тоҷик баромад карданро додаанд, худдорӣ намуд: «Чунин худсариҳо дар бисёр маврид бар зарари муносибатҳои байнидавлатӣ буда, ба манфиатҳои худи ҳамватанони мо дар Федератсияи Русия низ халал мерасонад. Ғайр аз ин, метавонанд, мушкилоти муҳоҷирони меҳнатиро бо мақсади ба даст овардани ҳадафҳои сиёсии худ истифода намоянд. Хадамоти муҳоҷират дар самти беҳтар намудани мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз механизмҳои мухталиф, дар сатҳи давлатӣ, байнисоҳавӣ, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотхои байналмилалӣ ва ВАО, тадриҷан истифода мебарад».

Сарчашмаи хабар иттилоъ дод, ки Девонаев дар ин нишаст илова намудааст, ки маҳз тавассути диаспораҳо дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ муфидтар амалӣ карда мешаванд ва бояд ба ҳар як масъала диққати ҷиддӣ дода, дар якҷоягӣ бо мақомоту идораҳои дахлдор роҳи ҳалли онҳо ёфта шавад. Ӯ қайд кардааст, ки диаспораҳо метавонанд дар ташкил намудани курсҳо оид ба омӯзиши забони русӣ иштироки бевосита дошта бошанд. Дар ин ҷамъомад Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия дар хусуси   бетағйир мондани муносибатхои стратегӣ ва кӯшиши ба самти мустаҳкамгардонии муносибатҳои дутарафа, майл доштани Тоҷикистонро қайд карда, иброз доштааст, ки дисапораҳо дар ин раванд бояд нақши муҳим ва мусбат дошта, дар сафҳои хеш якдиливу ҳамгироиро тақвият диҳанд. Дар ин мулоқот намояндагони диаспораҳо аз Қазон, Уфа, Санкт-Петербург, Новосибирск, Новокузнетск, Ярославл, Рязан, Липетск, Москва, Нижний Новгород, Тюмен ва Омск иштирок кардаанд, афзуд манбаъ.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)