Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:55

Ҷойизаҳои ширкати «Мегафон-Тоҷикистон» ба кормандони ВАО

6 декабр 2011, 10:53

Ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» миёни журналистон дар мавзӯъи "Инъикоси беҳтарин матолиб дар бораи алоқа"  ва ҳамчунин озмун миёни шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти унвони «Беҳтарин Мегапешниҳод»-ро баргузор кард.


Маросими ҷойизасупории ғолибон дар толори «Вефа-сентр» бо иштироки теъдоди зиёди рӯзгноманигорон ва фаъолони шабакаҳои интернетии иҷтимоӣ сурат пазируфт. Зимни ҷамъбасти озмуни аввал, Кармен Эткеева, роҳбари хадамоти иртибот бо ҷомеаи ширкати «ТТ-Мобайл» иштирокчиёнро хайра мақдам гуфт ва дар бораи тарзи муайян кардани беҳтарин мавод иттилоъ дод.       Эткеева гуфт: «Мақолаҳо аз рӯи мониторинг интихоб шуданд ва  барои ширкаткунандагон ҳеч гуна меъёр пешниҳод нашуда буд. Дар марҳилаи аввал 30 мақола пешниҳод шуд ва баъди баҳс ва муҳокима миёни кормандони хадамоти мо аз ин 30 мақола 14 мақоларо интихоб кардем ва ба роҳбарияти ширкат пешниҳод намудем».

- Барои роҳбарият низ қабули қарор чандон осон набуд, зеро ҳамаи маводҳои пешниҳодӣ шоистаи ҷойиза буданд. Аммо дар доираи муқаррашуда мебоист танҳо як мақола интихоб мешуд ва матлаби як журналист ба номинантии «Мақолаи беҳтарин» интихоб мегардид. Аз байни маводҳои чопшуда дар ВАО Абдулфаттоҳ Шафиев, барои маводи таҳлилии беҳтарин  ғолиби озмун дониста шуд, ки маводҳояш дар ҳафтаномаи «Миллат» ба нашр расидаанд,-афзуд Эткеева.

Ҳамин тавр, аз тарафи ширкати «Мегафон» ба номбурда як ноутбук ва  бо журналистони дигар суратгираку ҷойизаҳои вижа тақдим гардиданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!