Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:21

Суғд: Райис дар «Наташа» бо сокинони маҳаллаҳои «Инқилоб» ва «Тути калон» вохӯрд

6 декабр 2011, 12:00

Мулоқоти навбатии Раҷаббой Каримов, райиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаҳои «Тути калон» ва «Инқилоб» сурат пазируфт.


Тавре хабарнигори маҳаллии «Озодагон» иттилоъ медиҳад, ин дидор дар чойхонаи машҳури мавсум ба «Наташа дар сероҳаи кӯчаҳои «Себзор» ва «Аминҷон Шукӯҳӣ» баргузор шуд. Гуфтанист, ин чойхона дар солҳои сиюми асри 20 бо номи мудири мағоза Наталя Ивановна Логинова, зани бисёр меҳрубон ва муҳимбарори кулли сокинони маҳалла гузошта шудааст.

Дар нишаст нисбати беҳсозии вазъияти роҳҳо, фарсудаву таъмирталаб будани   кӯчаҳои дохилии маҳаллаҳо, аз нав кушодани ҷӯйҳои кайҳо хокпӯшшуда, бартарафкунии иншоотҳои ғайриқонунӣ бунёдёфтаву заминҳои худсарона ишғолшуда, ҳамчунин дар мавриди тарбияи маънавию ахлоқии бачагону наврасон ва ҷавонон, бо ин мақсад ҷонноккунии фаъолияти муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ибрози андеша карданд.  Раҷаббой Каримов ба пирони кор, собиқадорони ҷангу меҳнат барои иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти шаҳрдорӣ изҳори сипосмандӣ кард ва онҳоро бовар кунонд, ки масъулин барои ҳалли марҳала ба марҳалаи масъалаҳои ба миён гузошташуда камар мебанданд. Бегоҳии имрӯз баргузории чунин мулоқот бо кӯҳансолони маҳаллаи «Чашмаи Арзана» дар назар аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!