Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:54

Тоҷикистон соҳиби беҳтарин озмойишгоҳи муосири тиббӣ гардид

7 декабр 2011, 04:54

Дирӯз, 6-уми декабри соли 2011 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ду бинои шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил баъди тармиму навсозии асосӣ ва муҷаҳҳазшавӣ бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.


Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии райисҷумҳур, президенти кишвар ба ин мақсад ба мавзеи Мачитони шаҳри Ваҳдат ташриф овард.Тавре зикр гардид, навсозию таҷҳизи ин биноҳо бо харҷи 70 миллион сомонӣ маблағҳои ҳукумати Тоҷикистон ва давлати  Олмон сурат гирифтааст. Бо дубора фаъол гардидани ду бинои қаблан валангору аз кор бозмонда дар ин ҷо 170 ҷойи нави корӣ барои кормандони соҳаи тиб муҳайё шудааст.

Манбаъа афзуд, мудири озмойишгоҳи беморхонаи мазкур-Моҳхоним Абдуллоева, ки худ дар Олмон таҳсил намудааст, гуфт, бо ин таҷҳизот ҳатто мураккабтарин ташхисҳо, аз ҷумла муайян кардани бемории сили ба доруҳо мутобиқшуда низ дар зарфи ҳамагӣ 2 соат анҷом меёбад.Зимни сӯҳбат бо ҷарроҳи ҷавони шуъбаи ҷарроҳӣ Абдурасул Сангинов маълум шуд, ў бо стипендияи президентии «Дурахшандон» дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, дар синни 35 солагӣ  сазовори унвони доктори илмҳои тиб гардидааст.Ба гуфти намояндаи Бонки олмонии рушд Олга Хефеле техникаю таҷҳизоте, ки дар ин ҷо насб гардидаанд ва хусусан озмоишгоҳи миллии референсӣ, дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ назир надоранд. «Озмоишгоҳи мазкур дар ин минтақа ҳам навтарин ва ҳам калонтарин аст», - иттилоъ дод ў.Ба гуфти ў, бо чунин таҷҳизот ва шароити беҳтарин дар ин ҷо имкон дорад, ки як маркази минтақавӣ барои кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад, зеро ин биноҳо натанҳо дорои беҳтарин таҷҳизоти ташхису табобат, балки шароити омодасозии кадрҳои варзидаи ин соҳа мебошанд.Ў, ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ҷаҳон танҳо 23 адад чунин марказҳо бо чунин озмоишгоҳҳо аст, ки ҳуқуқи омодасозии кадрҳои ин бахши соҳаи тибро доранд. Яъне ин марказ метавонад таълимгоҳи 24-уми ҷаҳонӣ шавад.Ин биноҳо, ҳамчунин бо беҳтарин шароити зист ва будубоши беморону табибон муҷаҳҳаз гардидаанд. Онҳо, аз ҷумла дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ буда, бо усули геотермӣ ё худ бо ҳарорати табиии оби аз чуқурии 70 метр дастрасшаванда бе истифода аз маводи сўхт гарм карда мешаванд. Нерўи барқ танҳо барои кашидану гардиш додани оби зеризаминӣ истифода мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!