Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:05

Кӯлоб: Дар 11 моҳ 11 нафар даст ба худкушӣ задаанд

7 декабр 2011, 05:07

Худкушӣ як амали номатлубест, ки онро дар ҳама давру замон ва ҳамаи халқият маломат мекунад.

Дини мубини ислом низ ин амалро маҳкум карда, худкушро шоистаи ҷаннат намедонад.Тибқи иттилои додситонии шаҳри Кӯлоб, тайи 11-моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳру ноҳияи ин минтақа 11-ҳодисаи сӯйиқасд ба ҷони худ аз ҷониби шаҳрвандон расман ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 6-нафар бо роҳи ба доркашӣ ё худ худовезӣ, 3-нафар худсӯзӣ ва 2-нафари дигар бо роҳи заҳролудшавӣ қасд ба ҷони хеш кардаанд. Аз ин миён,  5-нафар бонувон ва 6-нафари дигар мардон будаанд. Миёни худкушҳо 2-нафар ноболиғ ҳам будааст. Аз ҳамин шумора, 7 тан ба ҳалокат расида, 4-нафари дигар бо кӯшиши зиёди табибон ҷон ба саломат бурдаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!