Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:45

10-моҳ боз нафақапулиро надодаанд

23 май 2011, 04:32

Дар ноҳияи Шӯрообод нафақаи баъзе аз нафақагирон тӯли 5-6-моҳ ва дар баъзе маврид то ба 10-моҳ пардохт намешавад.

Аҳмад Шерхонов, як сокини рустои Деҳи Қозии ҷамоати Саричашма ба хабаргузории  «Озодагон» гуфт, ки маблағи бознишастагии  9-моҳаашро то имрӯз надодаанд.   Гуфта мешавад  кормандони идораи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Шӯробод дар ҳуҷҷатгузорӣ коҳилӣ кардан доранду аз нафақагирон пуштибонӣ намекунанд. Шерхонов мегӯяд, ба идораи ҳифзи иҷтимоии вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб шикоят бурдааст. Муовини раиси ин идора гуфтааст, ки «сардори идораи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Шӯрообод ба мо ҳам ҳатто ҳисобот пешниҳод намекунаду дар ҷустуҷӯи ӯ моҳҳо саргардон мешавем». Дар ҳамин ҳол, даҳҳо нафар аз нафақагирон, аз як тараф бо айби идораи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷониби дигар аз бемасъулиятии кормандони Амонатбонки ноҳия дар рустоҳои дурдаст, моҳҳои зиёд наметавонанд нафақаашонро сари вақт гиранд. Вале ба гуфтаи Маҳмадуллоҳ Бобоев, сардори бахши амонатбонк, гӯё дар ҳамаи ноҳия нафаре нест, ки нафақаи ҳармоҳаашро сари вақт нагирифта бошад. Аммо,  Гулхоним Гулмадова, сокини рустои Саричашмаи ҷамоати Саричашма 10-моҳ мешавад, ки нафақаашро нагирифтааст. Вале ӯ то ҳол намедонад, ки бо айби киву кадом хатоиҳо нафақаашро пардохт намекунанд.  Дар ҳоле, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкидан ба масъулин супориш медиҳад, ки маошу нафақаи нафақагирон сари вақт пардохт карда шавад, масъулини ноҳияи Шурообод бо шумули раиси он Амирхон Икромов, намояндаи президент дар маҳал,  парвое аз ин супориш надоранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!