Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 апрел 2017, 21:38

Сокинони Пахтаобод ва Қаратевали ноҳияи Турсунзода ба оби тоза дастрасӣ пайдо намуданд

7 декабр 2011, 07:04

Кен Гросс, сафири ИМА дар ҶТ ва Давлатшо Гулмамадов, райиси ноҳияи Турсунзода ҷиҳати ширкат дар маросими ифтитоҳи расмии ба истифода додани сохтори нави обтаъминкунӣ ба деҳаи Пахтаобод ташриф оварданд.


Дар ин маросим инчунин роҳбарони ҳукумати маҳаллӣ ва аҳли ҷамоаи мазкур ширкат варзиданд. Дипломати амрикоӣ зимни суханрониаш аз ҷумла гуфт: “Бисёр деҳаҳои Тоҷикистон аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд ва ҳукумати ИМА аз расонидани кӯмак барои ҳалли ин мушкилот ифтихор дорад. Ин лоиҳа дар соли ҷорӣ зиёда аз 75.000 нафар аҳолии Тоҷикистонро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин ҳоҳанд кард».

То ин вақт сокинони рустоҳои Пахтаобод ва Қаратевал аз нарасидани оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд, ки ин боиси паҳншавии бемориҳои сироятии тавассути обгузаранда, хусусан байни кӯдакон дар ин минтақа гардид. Барои ҳалли ин мушкилот алалхусус беҳтар намудани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва беҳтар намудани вазъи саломатию беҳдошт дар доираи фаъолияти лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо ҳукумати маҳаллию аҳли маҳалла “Нақшаи амалиёти маҳалла оид ба ҳалли масоили об ва саломатӣ” таҳия карда шуд; дар натиҷаи фаъолияти лоиҳаи мазкур 10.322 нафар аҳолӣ дар деҳаҳои Пахтаобод ва Қаратевал бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд. Лоиҳаи обтаъминкунӣ дар деҳаи Пахтаобод яке аз 17 лоиҳаҳои хурд аст, ки айни ҳол аз ҷониби лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо аҳли деҳот дар қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!